Ғалла-2024
Имрӯзҳо барои ғаллакорон давраи пурмасъулият — дарави ҳосил фаро расидааст. Бинобар ҳамин, онҳо аз ҳар соату рӯз самаранок истифода бурда, дарави ғалларо бо суръати баланд пеш мебаранд.
Дар ноҳияи Ҷомбой порсол дар майдони 9065 гектар ғаллаи тирамохӣ кишт карда буданд. Дар натиҷаи нигоҳубину парвариши хуб ҳоло хӯшаҳои гандуми пурбор ба замин сар хам кардаанд. Акнун деҳқонони ноҳия мақсад доранд, ки ҳосили тайёркардаашонро сари вақт ва бетараф ғундошта гиранд.
Ғаллакорони ноҳия ният доранд, ки имсол 22 ҳазору 181 тонна ҳосил ба даст оранд. Барои мавсим 24 отряди ғалладаравӣ ташкил карда шудааст, ки ҳар кадоми онҳо комбайни алоҳида доранд.
Бояд гуфт, ки деҳқонони пешқадам аз рӯзҳои аввали мавсим ба мақсади дилхоҳ расида истодаанд. Аз ҷумла, ғаллакорони хоҷагии фермерии «Саттор далалари», ки дар маҳаллаи Эски Ҷомбой воқеъ гардидааст, аз майдонҳои худ 59 тонна ҳосил ғундошта, нақшаро барзиёд иҷро карданд.
Меҳнатдӯстони хоҷагии фермерии «Қувончбек файзли даласи»-и мавзеи «Дӯстлик» ба ҷои 35 тоннаи нақша 46,3 тонна ҳосил рӯёнида, аз қатори пешқадамон ҷой гирифтанд.
Аз қатори пешсафон ҷой гирифтанд
