Ovozi.uz

Қадри як пора нон

Дар яке аз ошхонаҳои шаҳр хӯроки нисфирузӣ мехӯрдем. Пирамарду ҳамсараш, ки дар мизи паҳлӯямон менишастанд, хӯрокашонро хӯрда, даст ба дуо бардоштанд. Бобо тинҷии замонаву диёр, ризқу насиба карда, «ба истиқлолияти Ватанамон чашм нарасад, ҷавонон ба воя расанд, ризқу насибаашон бутун бошад» гуфту даст ба рӯй кашид. Ҳангоми аз ҷой хестан ҳамсараш нонпораҳои рӯи дастархонро гирифт. Бобо низ гӯё ба кори савобе даст мезад, ба вай кӯмак кард.
Дар ошхона мизоҷҳо бисёр буданд. Чунин рафтори бобову бибиро яке дид, дигаре эътибор надод. Вале аз муносибати ҷавононе, ки дар мизи паҳлӯ менишастанд, ҳайрон шудам. Онҳо бо имову ишора нонрезаҳоро чидани зану шавҳари пирро як навъ хасисӣ дониста, байни худ механдиданд. Ин рафтори онҳо шабеҳи шахсоне буд, ки нонро мехӯранду аз чӣ ва чӣ хел тайёр кардани орд, ҳатто тарзи пухтани онро намедонанд. Зиёда аз ин дарк намекунанд, ки деҳқонон барои расондани як каф дон, ки аз он ҳамагӣ ним бурда нон тайёр мешавад, чи қадар заҳмат мекашанд. Меҳнати осиёбон, нонвой ва соҳибони касбҳои дигарро ёдрас накунем ҳам мешавад. Рафтори онҳо маънои шиками сер — чӣ парвои шиками гуруснаро дошт.
Дар замири ин воқеа, ки ба назар оддӣ менамуд, чӣ ҳаст?
Инро ҳар як одами соҳибақл метавонад дарк кунад. Баъзан ба андеша фурӯ меравед: наход барои ба қадри рӯзҳои пуриву серӣ расидан, одамӣ бояд гуруснагиро аз сар гузаронад? Наход, аз осмон наафтодани нонро, ки маҳсулоти асосии истеъмолии мост, фаҳмидан ҳамин қадар душвор аст?!
— Деҳқонӣ бо вақт ва дастурамалҳо ҳисобу китоб намекунад. Дар чиллаи зимистон ҳам, саратони тобистон ҳам деҳқон дар саҳро аст. Ӯ ҳисоби худро бо баромадану нишастани офтоб гирифта кор мекунад. Чунин заҳматро баъзеҳо, хусусан ҷавонон аз куҷо донанд? — гуфт роҳбари ҶММ «Наврӯз Агротехсервис» Ориф Ҳасанов. — Моро зарур аст, ки ба ҷавонон дар ин самт бештар панду насиҳат диҳем. Чунки онҳо ҳеҷ набошад, чӣ хел тайёр карда шудани маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт ва ширро донанд. Фаҳманд ва бинанд, ки нонҳои дастархони мо аввал ғалла, сипас орд мешаванд, баъд аз он нон омода мегардад. Шояд дар ҳамон вақт аз нон мувофиқи эҳтиёҷи худ истифода бурда, боқимондаашро намепартоянд.
Аз ҳар як хонадони мо бӯи нон меояд. Оё ин инояти Худо нест? Халқи мо аз азал «Илоҳо, хонаат пури гандум шавад» мегӯяд. Чунки, нон — неъмати бузург. Дар ҳамаи замонҳо ба он расидан осон набуд. Бо як сухан, нон бошад, ҳаёт давом мекунад.
Дар ҳақиқат, Орифҷонака гапи ҳақро гуфт. Нон ба ростӣ ҳам шоҳи таомҳоест, ки инсон истеъмол мекунад. Он танҳо лоиқи эъзоз аст. Ҳар касе онро хор мекунад, хор мешавад. Инсони болиғ кӯшиш мекунад, ки ҳаёти хушу хушбахтона бинад. Вале ин маънои онро надорад, ки неъматҳоро исроф намояд. Мо пеш аз ҳама бояд сарфакор бошем, нонро эъзоз намоем, дар акси ҳол якамон ду намешавад.
Шукри беҳад, Ӯзбекистон ба қатори мамлакатҳое, ки ғалла содирот мекунанд, дохил шуд. Акнун ин мавқеъро бояд нигоҳ дошт.
Пӯшида нест, ки то ҳол эътибори асосиро ба миқдор менигарониданд. Акнун ба сифат диққат медиҳанд. Дарвоқеъ, чуноне ки гуфтем, нон — муқаддас, неъмати илоҳӣ мебошад. Агар ба қадри нон нарасем, нон будани нонрезаро надонем, хайру барака намешавад.

Ориф ХОЛИҚУЛОВ.