Деҳқонӣ яке аз манбаъҳои асосии даромади одамони деҳот ба шумор меравад. Деҳқонон дар як сол як ё ду бор ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо солҳои охир роҳи дигари кишту кор миёни деҳқонон маъмул мегардад, ки дар натиҷаи он соле чанд маротиба ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Ин роҳ бунёд кардани гармхонаҳо ва дар онҳо парвариш намудани меваю сабзавот мебошад.
Сокини маҳаллаи Бешариқи ноҳияи Иштихон Аҳадҷон Улуғмуродов ҳам дар 9 хол замини наздиҳавлигии худ гармхона бунёд карда, ба ивази ҳосили он рӯзгори худро пеш мебарад. Зимни медиа-туре, ки ба ноҳияи Иштихон ташкил гардид, журналистон аз фаъолияти ин гармхона дидан карданд.
— Соли 2006 дар замини наздиҳавлигии худ ҳамроҳи бародаронам ду гармхона бунёд кардем, — гуфт А. Улуғмуродов. — Дар яке навъи «Аламина»-и помидор ва дар дуюмӣ бодиринг парвариш менамоем. Аз аввали сол то имрӯз ҳосили помидорро тахминан 7 маротиба, ҳосили бодирингро бошад, 20 маротиба ҷамъоварӣ намудем. Ҳоло ҷамъоварии ҳосил идома дорад. 10—15 маротиба чидани помидорро ба нақша гирифтаем. Дар ҳар чинак қариб 400 килограмм помидор мегирем.
Дар маҳаллаи Бешариқи ноҳия, ки дар 835 хоҷагӣ 4406 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, 500 гармхона вуҷуд дорад ва ин кор машғулоти асосии мардуми маҳалла гардидааст.
— 29 сол мешавад, ки дар ҳамин маҳалла фаъолият дорам, — гуфт раиси маҳалла Обидҷон Рӯзиев. — Шукри Худо, дар маҳаллаи мо ҷудошавии оилаҳо, бекорӣ, ҷинояткорӣ хеле кам аст. Ба фикрам, ҳамааш ба туфайли меҳнат аст. Мардум, шуғли доимӣ доранд ва пайваста аз паи рӯзгори худ ҳастанд. Даромади хуб ҳам ба даст меоранд.
Дар давом иштирокдорони медиа-тур аз дигар маҳаллаҳои ноҳияи Иштихон низ дидан карда, бо фаъолияти як қатор ширкатҳои хусусӣ шинос шуданд.
Пас аз медиа-тур дар боғи истироҳатии ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ миёни журналистони вилоят бозии интеллектуалии «Заковат» гузаронида шуд. Дар миёни шаш дастае, ки иштирок карданд, дастаи «Рӯзнома хонед!», ки аз кормандони нашрияҳои чопии вилоят иборат буд, ғолибиятро ба даст овард.
Чорабинӣ бо бозии мини-футбол идома ёфт. Дар он дастаи кормандони нашрияҳои ҷумҳурӣ ҷои якумро сазовор шуданд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
