Ovozi.uz

Аввалин телеграм боти «Ёрӣ ба маҳалла»-и Ӯзбекистон

Садорати адлияи вилояти Самарқанд дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал дар мамлакатамон телеграм боти «Ёрӣ ба маҳалла»-ро роҳандозӣ кард.

Онро бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24-уми майи соли 2024 «Дар бораи дар доираи ислоҳоти маъмурӣ минбаъд афзунсозии масъулияти мақомот ва муассисаҳои адлия, инчунин, ташаккули системаи идоракунии қулай» бармеоянд, инчунин барои бартараф кардани муаммоҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон ба назар мерасанд, бо забони оддӣ ва оммафаҳм равшан намудани моҳият ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ба «ҳафтгонаи маҳалла» амалӣ менамоянд.

Ба воситаи платформаи «Онлайн-Маҳалла» ба аҳолӣ ахбор роҷеъ ба имтиёз ва преференсияҳо, ки барои шаҳрвандони ба дафтарҳои «оҳанин», «занҳо», «ҷавонон» ва Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ дохил гардида, муайян шудаанд, пешниҳод карда мешавад.

Дар ин бора дар конфронси матбуотие, ки шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон дар Садорати адлияи вилоят ташкил кард, сардори Садорати адлияи вилоят Салоҳипддин Сатторов маълумот дод:

– Вазорати адлия барои сабук кардани сарбории аҳолӣ ва сарфаи вақти иловагӣ лоиҳаҳои инноватсиониро амалӣ мекунад, — гуфт С.Сатторов. – Имрӯз дар ҳамаи Марказҳои хизматҳои давлатӣ, САХШ («ЗАГС»)-ҳо ва Марказҳои хизматҳои ҳуқуқи пурра камераҳои мушоҳида гузошта шудаанд. Онҳо бо «Маркази вазъиятӣ»-и садорати мо вобаста буда, ба монитори Вазорати адлия пайваст шудаанд.

«Маркази вазъиятӣ» дар доираи лоиҳаи муштараки Барномаи тараққиёти СММ «Беҳдошти пешниҳоди хизматҳои давлатӣ дар минтақаҳои деҳоти Ӯзбекистон ва баланд бардоштани сатҳи идора кардан» ташкил гардид.

Ба воситаи Маркази вазъиятӣ дар режими вақти реалӣ ҷараёни дар идораҳои мазкур расондани хизматро мушоҳида ва вазъи муроҷиатҳои электрониву маҷмӯъҳои ахбориро назорат кардан мумкин аст.

Ҳоло дар Садорати адлияи вилояти Самарқанд фаъолияти ин Маркази вазъиятӣ роҳандозӣ гардида, ба туфайли он дар 16-то маркази хизматҳои давлатӣ, 23-то шӯъбаи САҲШ ва 16-то бинои шӯъбаҳои идораи адлия ҳамагӣ 280-то камераи видеомушоҳида ва маҷмӯи Q-matic ба кор даромаданд.

Вазифаи асосии Маркази вазъиятӣ таъмини мусоидӣ ва шаффофии пешниҳоди хизматҳои давлатӣ, инчунин пешниҳоди саривақтӣ ва босифати хизматҳои давлатӣ ва назорати рафтори кормандон аст.

Тошқул АЗИМОВ