Ovozi.uz

Маблағи буҷет ҳисоб дорад

Сардори садорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б. Мирзоев дар ахбори худ, ки ба сессияи садуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод кард, дар ин бора ва ҳисоботи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба иҷрои буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2023 маълумот дод.
Вай таъкид кард, ки дар ҳисобот пардохтҳои саноат, иқтисодиёт ва андоз ба буҷет, натиҷаҳои бо соҳаи иҷтимоӣ вобастаро таҳлилу танқид намуда роҷеъ ба ҳар як масъала пешниҳодҳо баён ва вазифаҳо муайян карда шуданд.
Аз ҷумла дар солҳои 2022—2023 дар вилоят оиди ба иҷора додани 30 ҳазору 904 гектар майдони замин 54148-то шартнома ба имзо расида, арзиши меъёрии онҳо 1 триллиону 367,3 миллиард сӯмро ташкил кардаанд. Миқдори умумии иҷораи майдонҳои мазкури замин барои солҳои 2022—2023 230,4 миллиард сӯмро ташкил мекунад, вале ҳамагӣ 7,2 миллиард сӯми онро пардохтаанд.
Дар соли 2023 ба таври зид ба талаботи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ бар асоси шартномаҳое, ки дар идораҳои ғазначигӣ аз рӯйхат нагузаштаанд, дар 182 ҳолат 28,3 миллиард сӯмина, аз ин бе ҳуҷҷатҳои иҷрои органҳои давлатии иҷро дар 145 ҳолат 26,1 миллиард сӯмина пардохтҳо ба воситаи ҳуҷҷатҳои судӣ амалӣ карда шудаанд.
Дар натиҷаи барои қувваи барқ саривақт амалӣ нашудани пардохти 188 муассисаҳои буҷетӣ ба миқдори беш аз 4 миллиард сӯм ҷарима (пеня) ҳисоб карда, он сабаби аз буҷет сарф шудани маблағи барзиёд гардидааст.
Роҷеъ ба иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16-уми феврали соли 2023 «Дар бораи чораҳои бо суръат роҳандозӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи энергия ва манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар соли 2023» таҳти рақами ҚП57 дар солҳои 2022—2023 дар вилояти Самарқанд дар 867 ташкилоте, ки аз ҳисоби буҷет молиягузорӣ карда мешаванд, ба ҳисоби 141,5 млрд. сӯм маблағ стансияҳои офтобии фотоэлектрӣ гузоштанд. Дар вилоят баъди дар 280то ташкилот таҳлил намудани истеъмоли қувваи электр пас аз гузоштани стансияҳои офтобии фотоэлектрӣ ва дар ҳамин даври соли пеш дар 117-то ташкилоте, ки барои ускунаҳои мазкур аз манбаъҳои гуногун 20,3 млрд. сӯм сарф кардаанд, истеъмоли қувваи барқ афзудааст, яъне панелҳои офтобии гузошташуда самара надодаанд.
Инчунин, ҳангоми аз тарафи гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони Нозироти назорати истифодаи қувваи электр, маҳсулоти нафт ва газ, ҶММ «Энергияи сабз» ва Донишгоҳи давлатии техник Тошканд ба номи Ислом Каримов омӯхта шудани ҳолати стансияҳои офтобии фотоэлектрикии дар ташкилотҳо гузошташуда ва самараи истеҳсоли қувваи электр ҳолатҳои аз сабаби носозиҳои гуногун ва муайяниҳо дар корхонаҳои соҳаи электр бо самараи паст кор кардани онҳо муайян гардиданд.
Аз ҷумла, дар ҳисоботҳо гузошта шудани стансияҳои офтобии фотоэлектрӣ нишон дода шудаанд, вале дар асл онҳо мавҷуд нестанд ё ки пурра гузошта нашудаанд, ба шабака васл нагардидаанд, дар ҳолати корӣ нестанд, кунҷи бо асос ташкил кардаи онҳо нодуруст гузошта шудааст, дар ҳолати носоз будани баъзе инвенторҳо, дар амал истифода набурдани стансияҳои офтобии фотоэлектрӣ ва ғайра маълум шуданд.
Дар асоси маълумотҳои базаи ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» роҷеъ ба ҳолатҳои зам кардаҳисоб намудани қувваи электри истеъмолшуда таҳлил гузаронданд.
Мувофиқи маълумотҳои базаи ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» аз корхонаҳое, ки аз буҷет молиягузорӣ карда мешаванд, ба воситаи барномаи таъминотии CASS маълумотҳо роҷеъ ба истеъмоли қувваи электри 1182 ташкилоте, ки ба тартиби онлайн маълумот мегиранд, ба шабакаи беруна (нишондиҳандаи А-и таъминоти барномавӣ) фиристода шудани 81,6 млн. кВт қувваи электр маълум шудааст.
Аз он, дар ҳолати 1-уми апрели соли 2024 миқдори қувваи электрро барои 585 ташкилот ҳисоб карда, (варақаи ҳисоб аз рӯи фактура) муайян карданд, ки он нисбати миқдори қувваи электр, ки дар таъминоти барномавии CASS акс гардидаанд, бештар ҳисоб карда шудааст.
Аз 867-то ташкилоте, ки идораҳои ҳудудии иқтисодиёт ва молия дар онҳо гузошта шудани стансияҳои офтобии фотоэлектриро нишон додаанд, ҳангоми омӯхтани маълумотҳои таъминоти барномавии CASS барои 361-тои онҳо маълум шуд, ки 10,1 млн. кВт ё ки 7,2 млрд. сӯмина қувваи электр ба шабака фиристода шудааст.

Дар 347 ташкилоте, ки бар асоси тартиби дар таъминоти барномавии ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» муайяншуда стансияҳои офтобии фотоэлектрӣ гузошта, роҷеъ ба расондани қувваи электр шартнома набастаанд, ё ки саривақт набастаанд, ҳолати 4,9 млн. кВт ё ки 4,9 млрд. сӯмина қувваи электрро ба қувваи электри дар амал истеъмол гардида зам кардан мушоҳида шудааст.
Роҷеъ ба ин масъала шунидани ҳисоботҳои садоратҳои дахлдор ва баровардани хулосаҳо лозим аст.