Ovozi.uz

Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Гватемала ва Қирғизистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд

Аз 19 то 24-уми июли соли равон дар шаҳри Тошканд дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 Мусобиқаи байналмилалии дӯстона ба хотири гиромидошти собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов баргузор мешавад.

Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби футзали Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Гватемала ва Қирғизистон иштирок намуда, дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр бо ҳам бозӣ мекунанд. Сипас ду дастаи аввал дар финал байни ҳам вомехӯранд ва дастаҳои мунтахабе, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои 3-4-умро мегиранд, барои медали биринҷӣ байни ҳам рақобат менамоянд. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки Ҷоми ҷаҳон-2024 аз 14 сентябр то 6 октябри соли равон дар кишварамон баргузор мешавад.