Кормандони соҳаи тандурустии вилоят таҳти роҳбарии сарвари Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Сӯҳроб Зайниев бо сафари корӣ ба ноҳияи автономии Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Хитой рафтанд.
– Ҳоло Хитой аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки соҳаи тиб хеле рушд кардааст, — гуфт сарвари Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Сӯҳроб Зайниев. – Дар ин кишвар аз таҷҳизоти замонавии тиббӣ босамар истифода намуда, амалиётҳо тавассути технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст. Ҳамзамон, солҳои охир табобати халқӣ ривоҷ ёфта, беморонро ба ҷойи дорувориҳои кимиёвӣ, бо маҳсулоти табиӣ табобат мекунанд. Дар коллеҷи тиббии Шинҷон омодасозии кадрҳо аз рӯйи табобати халқӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти мулоқот бо ҷонишини раиси Шӯрои машваратии сиёсии халқии шаҳри Қорамой Ли Гуо Луан, роҳбари Кумитаи ҳифзи тандурустии шаҳри Қорамой Чжу Хуа ва дигар масъулон масъалаҳои беҳсозии сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, телемедитсина, роҳандозии ҳамкорӣ дар табобати халқӣ, бозомӯзии фосилавии кадрҳо ва фароҳам овардани имкониятҳоро барои табодули таҷриба баррасӣ кардем. Дар анҷоми муҳокимаҳо байни Кумитаи ҳифзи тандурустии шаҳри Қорамой ва Садорати ҳифзи тандурустии вилоят, инчунин, шифохонаи марказии шаҳри Қорамой ва Маркази тиббии бисёрсоҳаи вилоят меморандумҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд. Мувофиқи он, дар Маркази тиббии бисёрсоҳаи вилоят шӯъбаи табобати халқӣ ташкил карда мешавад. Инчунин, дар коллеҷи дуввуми тиббии Шинҷон бозомӯзии ҷавонони самарқандӣ дар самти табобат роҳандозӣ мегардад.
Дар доираи ташрифи кормандони тиббии вилояти Самарқанд ба шаҳри Урумчӣ мулоқоти ҳайати намояндагон бо раиси Кумитаи саломатии ноҳияи автономии Шинҷон-Уйғур Ю Аи Пинг доир гардид. Дар рафти сӯҳбат ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар табодули кадрҳо, такмилдиҳии хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ, телемедитсина ва ғайра баррасӣ гардид.
Ҳайати намояндагон инчунин, дар Форуми саломатии Роҳи Абрешим, саммити академии “Як макон” як роҳ”, ва Форуми ҳамкории касалхонаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки бори шашум баргузор мегардад, иштирок карданд.
Хидмати матбуоти Садорати ҳифзи тандурустии вилоят.
