Ovozi.uz

Агар дарахт хушк шавад?

Ба туфайли лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» кишварамон, аз ҷумла вилоятамон сол аз сол сарсабзу хуррам мешавад. Дарахтони зебо кӯчаҳову майдонҳоро оро медиҳанд. Вале дар баъзе ҷойҳо мушоҳидаи хушкшавии дарахтон, пӯсидани танаву шохҳои онҳо ҳузнангез аст. Оё масъулон тарзи парвариш ё ки нигоҳубини онҳоро намедонанд? Дарахтони солхӯрдаи хушкшударо низ саривақтӣ буридан лозим аст. Дар акси ҳол худи онҳо ё ки шохҳояшон шикаста, мумкин ба болои нафаре ё нақлиёте афтад ва ҳолати нохуш рӯй диҳад.
Хӯш, агар дарахт хушк шавад, чӣ бояд кард? Борҳо дидаем, ки дар маҳаллу мавзеъҳои гуногун дарахти хушкшуда моҳҳо табъи атрофиёнро хира мекунанд. Дар чунин вазъият чӣ карда мешавад?
Табиист, ки барои буридани он рухсати ташкилотҳои мутасаддӣ лозим аст. Хуб мешуд, ки онҳо, аз ҷумла Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, Садорати ободонии вилоят ба воситаи рӯзномаҳо дар ин бора ба аҳолӣ маълумот медоданд.

Наврӯз БОБОАҲМАДОВ