Дар ҷамъомад вазифаҳои устувор дар комплекси сохтмону нақлиёт низ муҳокима шуд.
Соҳаи сохтмон дар нимсолаи аввал 10 фоиз афзуда, ба 80 триллион сӯм расид. Новобаста аз ин, ба бепарвоӣ роҳ надода, ба таври ҷиддӣ машғул шудан бобати кам кардани арзиши аслии сохтмон ёдовар карда шуд.
Гуфта шуд, ки арзиши сохтмон на танҳо ба замин ва масолеҳи сохтмон вобаста аст, тартиби мураккаби мувофиқ кардани талаботи техникӣ, мувофиқа кардани лоиҳа ва гирифтани иҷозатнома ба арзиши сохтмон низ таъсир мерасонад.
Агар равандҳо дар ин самт такмил ёфта, шароит барои соҳибкорон беҳтар шавад, ба рушди соҳаҳои марбут ба масолеҳи сохтмон, саноати электронӣ, хизматрасонии ипотека такони бузург хоҳад дод.

Вазири сохтмон ва хонаву ҷойи коммуналӣ Ботир Зокиров ба далели вазъи саломатиаш аз вазифа озод шуда, ҷонишини аввали вазир Шерзод Ҳидоятов иҷрокунандаи вазифаи вазир таъин шуд.
