Бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар бобати баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, иззату ҳурмати падару модарон, ҳифзи манфиатҳои пиронсолон, қадр кардани хизмату меҳнати фидокоронаи онҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.
Холмирзо Ҳасановро, ки дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Нуробод зиндагӣ мекунад, метавон ба ин мисол овард.
Ин мӯйсафеди кӯҳансол, ки ба синни 102 солагӣ расидааст, бо панду насиҳатҳои хирадмандонаи худ барои ҷавонон намунаи ибрат аст.
Ҳокими ноҳия С. Бердиқулов, масъулони бахши ноҳиявии «Нуронӣ», фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа ба хонаи Холмирзо Ҳасанов омада, аз аҳволи ӯ хабар гирифтанд.
Ҳиссаи ӯ дар тарбияи насли наврас, дар рӯҳи ватандӯстӣ ба камол расонидани онҳо, меҳнати фидокоронаи худи вай дар ободонии муҳити иҷтимоӣ ва маънавии оилаҳо махсус қайд гардид. Ба ӯ ташаккурнома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дар кишваре, ки пиронаш арҷгузорӣ ва қадршиносӣ мешаванд, фазилатҳои хуби инсонӣ ва баракат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад.
Аёдати пирамарди 102-сола
