Ovozi.uz

Устод бо шогирд бояд чӣ хел муносибат кунад?

Дар бораи устод ва шогирд, муносибати байниҳамдигарии онҳо афкору ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд, аммо бо муносибат, хислат, ҳамдигарфаҳмии миёни омӯзгору хонанда илмҳои равоншиносию педагогика сару кор мегиранд. Дар ҳақиқат, дар муносибати байни омӯзгору хонанда назари рӯякию сатҳӣ кор намеояд, зеро ин маврид гап дар бораи муносибати миёни одамон меравад, ки онро наметавон дар як қолаби мушаххас ҷо дод. Ҳар як устод — омӯзгор дар муносибат бо шогирд одоб ва маҳорати касбиро ба кор мебарад.
Дар навбати худ, шогирдон ҳам бояд ба устод ҳурмату эҳтиром дошта бошанд. Ҳангоме ки муносибати ҷонибҳо сидқиву самимӣ мешавад, фазои солиму муҳити созгор барои пешбурди таълиму тарбия фароҳам меояд.
Эҳтиром ба устод худ ба худ ба вуҷуд намеояд, бисёр корҳо дар ин росто, аз омӯзгор вобастагӣ доранд. Бачаҳо бисёр зираканд, онҳо баъди ду-се дарс дармеёбанд, ки сатҳу касбияту маҳорати омӯзгорашон то куҷост. Агар устод онҳоро бо дониши баланд, гуфтори ширин, эҳтироми самимӣ ба худ ҷазб намояд, бачаҳо ҳам ба ӯ эҳтиром пайдо мекунанд ва мавридҳое «асрори махфӣ»-ашонро низ ба ӯ бовар мекунанд, яъне, боварии шогирдонро ба даст овардан барои муаллим беҳтарин комёбист.
Боварии бачаҳо ба устод меафзояд, агар ӯ дар мавридҳои зарурӣ, масалан, зимни баргузории чорабиние онҳоро дастгирӣ намояд, ба онҳо кӯмак расонад. Дар ин сурат обрӯйи муаллим ва боварӣ ба ӯ миёни бачаҳо зиёд мегардад ва дигар дар ҳар коре онҳо аз ӯ маслиҳат мепурсанд.
Устодон — педагогҳои бомаҳорате ҳастанд, ки онҳоро шогирдон на танҳо ҳурмат мекунанд, балки ба онҳо сидқан меҳр мебанданд. Ин педагогҳои варзида ҳам шогирдони худро мисли фарзанд дӯст медоранд, миёни онҳо дигар ҳамаи «марз»-у фосила аз байн бардошта мешавад.
Бо вуҷуди ин, дар синф интизом ва тартиб аз ҳама чиз заруртару муҳимтар мебошад ва инро ҳар як устоди варзида ё бетаҷриба аз хонандагон талаб мекунад, чунки низому тартиб кафили баланд рафтани сатҳи дониш ва беҳбудии тарбия мебошад. Талаби риояи низому тартиб дар шогирдон ҳадафмандӣ, устуворӣ, худбоварӣ, заҳматписандӣ ва дигар хислатҳои шоистаро рушд мебахшад.

Ҷ.УЛФАТШОҲ