Чунин ном дорад китоби нави Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар нашриёти «Ӯзбекистон» чоп карда шуд.
Қиёфаи имрӯзаи нави Ӯзбекистон, нақш ва мавқеи мамлакати мо дар рушди ҷаҳон, иштироки фаъолонаи он дар ҷараёнҳои муҳими байналмилалии иҷтимоӣ-сиёсӣ, мазмуну моҳияти бисёр ташаббусҳое, ки роҷеъ ба масъалаҳои долзарб ба пеш мегузоранд, дар ин асари фундаменталии васеъмиқёс бар асоси таҳлили амиқ ва далелҳо, фикру мулоҳизаҳои саҳеҳ равшан гардидааст.
Китоб, ки маҳсули нигоҳи иҷтимоӣ-сиёсии бисёрсола, муносибати нав ва саҳеҳи муаллиф ба воқеият аст, бо суханони зерин оғоз мешавад:
«Ҳақиқати аз санҷишҳои таърих гузашта ҳамин, ки халқи ба тағйир додани худ қодир, вақтро ба имконият, имкониятро ба дастовард, дастовардро ба пойдевори тараққиёт табдил дода метавонад ва халқи бузург мебошад.
Чунин халқ бе ҳеҷ шубҳа ҳам ҳаёт ва ҳам муҳити иҷтимоиро метавонад тағйир диҳад ва албатта, ба муроду мақсади пешбинӣ намудаи худ мерасад.
Ман ба халқе, ки бо ин хел эътиқоди бузург зиндагӣ мекунад, роҳбар шуда, барои аз ҳаёт розӣ шудан, амалӣ намудани орзуву умедҳои неки дар қалби онҳо буда хизмат карданро барои худ шараф ва масъулияти бузург медонам». Дар ҳақиқат, инҳо дар маркази ислоҳотҳо мебошанд, ки дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакатамон пеш бурда ва ба маънову мазмуни фаъолияти серқирраи Президент Шавкат Мирзиёев табдил ёфтаанд.
Ғояи асосӣ ва сарахбор (лейтмотив)-и китоби мазкурро мафҳумҳои неке чун ҳар тарафа мустаҳкам намудани истиқлолияти миллиамон, таъмини тинҷӣ ва барқарорӣ дар диёрамон, аз ҳаёт розӣ намудани одамон, бузургдошти қадри инсон, ғоя ва кӯшишҳое, ки дар мақсади ниҳоӣ ва асоси стратегияи барпо намудани Ӯзбекистони Нав муҷассам гардидааст, бешубҳа аз тарафи роҳбари давлатамон ба пеш гузошта шудаанд ва имрӯзҳо бо меҳнати фидокорона, ақлу заковати халқи мард ва олиҷанобамон ба воқеияти реалӣ табдил меёбанд. Дар ҷараёни мутолиаи китоб ин ҳақиқатро боз бештар ҳис мекунем ва дар даври чунин тағйиротҳои таърихӣ аз он ки на танҳо гувоҳи ин тағйиротҳои бузург, балки аз иштирокчии фаъол шуда зиндагӣ карданамон ифтихор дорем.
Дар боби аввалини «Роҳи тараққиёти барқарор, ки инсоният интихоб кардааст»-и китоби ҳамагӣ аз 6 боб иборати муаллиф эътибори хонандаро ба хавфу хатарҳои замони ҳозира менигаронад. Омилҳое, ки ин таҳдидҳоро ба миён гузоштаанд, васеъ тахлил намуда, роҷеъ ба бартараф кардани онҳо ҳалҳои дақиқи амалиро пешниҳод мекунад.
Боби дуюми «Ӯзбекистони Нав — давлати иҷтимоӣ»-и китоб ба таҳлили корҳои бузурге, ки дар соҳаи иҷтимоии мамлакатамон амалӣ мешаванд ва натиҷаҳои онҳо бахшида шудааст. Муаллиф бо мисолҳои ҳаётӣ нишон медиҳад, ки имрӯз дар Ӯзбекистон масъалаҳои таълим, тарбия, илму фан ва маданият, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди камбизоатӣ, масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва спорт ба қисми ҷудонопазирӣ ислоҳотҳои бузурге, ки ба баланд бардоштани қадри инсон, таъмини ҳуқуқ ва озодӣ, манфиатҳои ҳаётии ӯ нигаронида шудаанд, табдил ёфта, самараҳои муайян додани онҳоро бо мисолҳои ҳаётӣ нишон медиҳад.
«Нияти аз ҳама калони ман — дар мамлакатамон батамом барҳам додани камбизоатӣ ва бекорӣ мебошад, — навиштааст Президентамон. — Ба омадани чунин рӯзҳо боварии комил дорам ва барои ин тайёра хастам, ки тамоми қувваю имкониятҳо ва ҳастиамро бахшам».
Дар муддати таърихан кӯтоҳ дар мамлакатамон бар асоси таъмини афзоиши пайвастаи иқтисодӣ, роҷеъ ба беҳдошти сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ бисёр корҳо амалӣ шуданд, албатта. Аз ҳама беш, навгониҳои сохторҳои андоз, бонк-молия, аз ҷумла озод карда шудани бозори асъор, бартараф гардидани муаммоҳои бо пули нақд вобаста, бар асоси андозаҳои ҷаҳонӣ амалӣ шудани амалиёт (оператсия)-ҳои байналмилалии молиявӣ, барпо гардидани корхонаҳои нав ба нави инноватсионӣ ва технологияҳои баланд, сохторҳои замонавии коммуникатсияҳо, ба ҳаёти мо босуръат ворид шудани технологияҳои рақамӣ, кушода шудани роҳи васеъ барои соҳибкорӣ аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар боби саввуми «Ӯзбекистони Нав: тараққиёти барқарори иқтисодӣ»-и асар ба ислоҳотҳои айнан ҳамин самтҳо эътибори алоҳида дода, натиҷаҳои дар ин самт муваффақ шуда сарҳисоб карда мешаванд, ба нақша ва мақсадҳои стратегие, ки дар ояндаи наздик дар наздамон истодаанд, барои амалӣ намудани онҳо чиҳо кардан лозим, эътибор нигаронида мешавад.
Ин масъалаҳо ба воситаи мавзӯъҳои «Таъмин намудани барқарории макроиқтисодӣ», «Ривоҷдиҳии соҳибкорӣ ва бизнеси хурд», «Истиқболҳои бо суръат ривоҷ додани саноат», «Ӯзбекистони Нав — сӯи иқтисодиёти рақамӣ», «Ривоҷдиҳии соҳаи аграрӣ ва таъмини бехавфии хӯрокворӣ», «Ӯзбекистони Нав сайёҳии барқарор ва устувор» «Энергияи сабз — гарави тараққиёти барқарор» ва «Минтақаҳои пурқувват — Ӯзбекистони пурқувват» васеъ равшан карда мешаванд».
Боби чоруми «Сайёраамон ва Ӯзбекистони Нав — рӯ ба рӯ бо таҳдидҳои экологӣ»-и китоби Президентамон, ки дар байни халқамон ва ҷамоатчигии ҷаҳон ба сифати меъмори Ӯзбекистони Нав эътироф карда мешавад, низ сазовори диққат аст. Муаллиф дар он роҷеъ ба «се инқирози миқёси ҷаҳонии даври ҳозира, яъне тағйирёбии иқлим, ихтисори биогуногунӣ ва ифлосшавии муҳити атроф, идомаи бошиддат кам шудани ресурсҳои табиӣ» ба таври ҷиддӣ ва бо ҳаяҷон фикр баён намуда, аҳли башарро даъват мекунад, ки бар зидди ин таҳдидҳо якҷоя мубориза баранд.
Мисол, муаммои об яке аз масъалаҳои долзарб аст, ки дар назди Ӯзбекистон меистад. Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба тамоман ислоҳ намудани вазъият дар ин самт, сарфа кардани об, ки неъмати бебаҳои Офаридгор аст ва оиди босамар истифода бурдани онҳо ба сифати мутахассисе, ки ин соҳаро хуб медонад, чораҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокро як ба як қайд намуда, ба масъалаҳои истифодаи оби дарёҳои транссарҳадӣ бар асоси қонунгузории байналмилалӣ, ҳамкории давлатҳои ҳамсоя алоҳида фикр баён кардааст.
Фикру мулоҳизаҳое, ки ҳангоми таҳлили мавзӯъҳои аз боби мазкур ҷойгирифтаи «Фоҷиаи Арал — фоҷиаи умумибашарӣ», «Мақсадамон — таъмини ҳуқуқӣ зиндагии аҳолӣ дар муҳити мусоиди экологӣ», «Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» — гарави барқарор намудани вазъияти экологӣ», «Муаммоҳои иқлим — таҳдиди калонтарин дар роҳи тараққиёти барқарор» баён гардидаанд, ҳеҷ як инсони фикри солим доштаро бефарқ намегузорад.
Маълум, ки Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали оғози фаъолияти худ ба сифати роҳбари давлат ғоя ва мақсадҳои олиҷаноби «Халқ ба идораҳои давлатӣ не, идораҳои давлатӣ бояд ба халқамон хизмат кунад», «Халқ аз мо розӣ шавад, Офаридгор низ аз мо розӣ мешавад» пеш гузошта, аз роҳбарони хурду калони дар Ӯзбекистон буда, фаъолияти худро айнан бар асоси ин мезонҳо пеш бурданро талаб кард. Тағйиротҳои куллӣ ва навгониҳое, ки дар давоми солҳои гузашта дар мамлакатамон рӯй доданд, натиҷаҳои мусбӣ дар ҳаёти ҳамдиёронамон самараи чунин сиёсати халқпарвар мебошад.
Боз дар як боби муҳими «Давлати дар хизмати халқ буда — саодати бузург барои халқу диёр»-и китоб роҷеъ ба масъалаҳои ислоҳотҳое, ки дар сохтори суду ҳуқуқ амалӣ мешаванд, фаъолияти идораҳои давлатӣ ва органҳои худидораи маҳаллӣ, мубориза бар зидди коррупсия ҳаматарафа сухан гуфта шудааст.
Ба ҳамаамон маълум, ки дар Сарқонуни навинии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сиёсати берунаи ба сулҳдӯстӣ ва тараққипарварӣ асос ёфтаи мамлакатамон бо тамоюлҳои муҳими зерин мустаҳкам карда шудааст:
«Сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба принсипҳое чун баробарии давлатҳои суверен, истифода набурдани қувва ё ки бо қувва таҳдид накардан, вайрон нашудани сарҳадҳо, якпорчагии ҳудудии давлатҳо, бо роҳи тинҷӣ ҳал намудани низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар, инчунин принсип ва меъёрҳои дигари ҳуқуқи умумэътирофшудаи байналмилалӣ такя мекунад.
Ин меъёри конститутсиявӣ дар сиёсати Ӯзбекистони Нав ифодаи пурраи амалии худро меёбад. Ҳоло ҷумҳурии мо ба мамлакате табдил ёфт, ки бо ҳамаи давлатҳои сулҳпарвари дунё бар асоси баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои байни ҳам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро фаъол пеш мебарад.
Саркотиби Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерриш ба қарибӣ ҳангоми сафари худ ба диёри мо ба таври ҳаққонӣ эътироф намуд, ки дар пурзӯр кардани ҷараёни интегратсия дар минтақаамон, ташаккули «Руҳи Осиёи Марказӣ» мавқеъ ва таъсири Ӯзбекистони Нав беқиёс аст. Имрӯз ин ҳақиқатро ҳамҷамъияти дунё тан мегирад.
Дар боби охирини «Ӯзбекистони Нав — давлати бехавф ва сулҳпарвар»-и асар роҷеъ ба «Сиёсати минтакавии Ӯзбекистони Нав» ва умуман чӣ хел шудани қиёфаи сиёсӣ ва иҷтимоии имрӯзааш ба воситаи таҳлили мавзӯъҳое чун «Дипломатияи иқтисодии ба боварӣ ва ҳамкории байни ҳам асосёфтаи Ӯзбекистони Нав», «Векторҳои сиёсати нави Ӯзбекистон: ҳамкорӣ бо ҳамватанон ва ҳифзи ҳуқуқи мигрантҳо», «Қудрати ҷанговар ва салоҳияти маънавияти баланд — ду такягоҳи бузурги Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон», истиқболи муносибатҳо бо Афғонистони ҳамсоя «Ба мо барои шарикии манфиатноки байни ҳам Афғонистони кушоду тинҷ ва барқарор даркор аст» батафсил равшан карда шудааст.
Хулоса карда гӯем, дар китоби «Замони муосир ва Ӯзбекистони Нав» суръатҳои тараққиёти имрӯзаи мамлакатамон, обрӯву эътибор ва нуфузи дар майдони ҷаҳон беш аз пеш зиёдшаванда, ба кадом пойдевори мустаҳкам асос ёфтани мақсад ва вазифаҳои барои истиқболи наздик пешбинишуда ва аз ҳисоби кадом омилҳо таъмин шудани он таҳлили ҳаматарафа муайян карда шудаанд.
Ягон самти ислоҳотҳои серқирраи сиёсӣ — ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-маърифатии Ӯзбекистон, муносибатҳои байни мамлакатамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эътибори муаллиф берун намондааст.
Аҳамияти асари мазкур дар дарки бошиддат ва тараққиёти зиддиятноки тамоюлҳои замони ҳозира, расидан ба қадри ҳаёти тинҷ ва фаровони имрӯза, ба оянда бо боварии калон нигоҳ карда, дар ҷараёнҳои барпо намудани Ӯзбекистони Нав ба сифати шаҳрванди бошуур ва бунёдкор муносиб иштирок намудан, дар тарбияи авлоди нави ватанпарвар беқиёс аст.
ӮзА.
