Дар Бозиҳои олимпии тобистона, ки дар шаҳри Париж идома дорад, Диёра аз рӯи вазни 52 килограмм нахуст қаҳрамони феълии олимпиада Ута Абеи ҷопонӣ, баъдан Маша Баллхауси олмонӣ, дар марҳилаи ниманиҳоӣ Амандин Бушари фаронсавиро мағлуб карда, ба финал баромад. Диёра дар финал бо варзишгари Косова Дистрия Красничи рӯ ба рӯ шуда, ба ивази як лазаре бар ӯ ҳам пирӯз шуд ва медали тиллоро ба даст овард. Ба шарофати ғалабаи ҳамватанамон мадҳияи Ӯзбекистон дар Париж танинандоз шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пас аз ғалабаи таърихӣ бо Диёра Келдиёрова сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, ӯро самимона табрик гуфт. Ба падару модар ва мураббиёнаш миннатдорӣ изҳор кард.
— Ифтихор мекунам, ки чунин духтари ҷасуру боматонат дорам, — гуфт Президент ҳангоми мулоқоти телефонӣ. — Пирӯзии нодир шуд. Ҷаҳон эътироф кард. Пирӯзии шумо қудрати бонувони кишварамонро ба ҷаҳон намоиш дод. Обрӯи Ӯзбекистонро баланд бардоштед, ташаккур, духтарам!
Дар вилоятамон низ ғалабаи Д.Келдиёрова бо кайфияти болида пешвоз гирифта шуд. Як гурӯҳ масъулони вилоят ва ноҳия бо сарварии ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ.Тӯхтаев ба зодгоҳи Диёра рафта, падараш Бахтиёр Мардонов ва модараш Дилором Шарипова, инчунин мураббиёни ӯро бо ғалаба дар бозиҳои олимпии «Париж-2024» табрик гуфта, ба онҳо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмони ҳокими вилоятро супурданд.
Диёра Келдиёрова соли 1998 дар ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд таваллуд шудааст ва ӯ нахустин духтари дзюдочии ӯзбекистонӣ мебошад, ки ба ҳисоби Ватанамон дар олимпиадаи ҷаҳонӣ медали тиллоӣ овард.
Ӯ 20 сол боз бо дзюдо машғул аст. Дар 6‑солагиаш машғулотҳоро зери роҳбарии Хуршеда Холиқова оғоз намуда, соли 2010 бори аввал чемпиони Ӯзбекистон ва соли 2013 аъзои дастаи миллии дзюдои Ӯзбекистон шудааст.
Варзишгари мо, ки аз рӯи вазни 52 килограмм дар садри рейтинги ҷаҳонӣ қарор дорад, ҷоизаи аввалини байналмилалии худро соли 2013 дар Бозиҳои Осиё ба даст оварда буд. Солҳои 2016 ва 2018 дар Чемпионати Осиё, ки миёни ҷавонон гузаронида шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар Бозиҳои Осиё, ки дар Ҷакарта доир гашт, иштирок кард ва дар Бозиҳои Осиё, ки соли 2019 дар шаҳри Фуҷайраи АМА баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд. Дар Бозиҳои универсиада, ки дар Италия ва дар бозиҳои байналмилалии тобистонаи ҳарбиён, ки дар Хитой гузашт, медалҳои биринҷиро ба даст овард. Иштирокдори бозиҳои олимпии «Токио‑2020» мебошад. Соли 2021 дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург», ки дар Анталия баргузор шуд ва дар Бозиҳои «Ханчҷоу‑2023»-и Осиё медалҳои тиллоро ба даст овардааст.
Ғайр аз ин, ӯ соҳиби мукофоти Зулфия ва медали «Бунёдкори оянда» мебошад.
