Ovozi.uz

Шарбати лаблабу фишори хунро паст мекунад


Истеъмоли мунтазами лаблабу ё шарбати аз онҳо омодашуда ба паст шудани фишори хун мусоидат мекунад.
Дар байни сабзавот лаблабу аз чиҳати таркиби нитрат чемпиони мутлақ мебошад. Ин моддаҳо дар бадан ба оксиди азот мубаддал мешаванд, ки ба васеъшавии рагҳои хун мусоидат карда, таъминоти оксигенро ба узвҳо беҳтар мекунад.
Ин нӯшокӣ на танҳо барои устувор кардани фишори хун зарур аст. Барои рагҳои хунгузар, ки зери таъсири он чандиртаранд, муфид аст. Инчунин, ба шарофати шарбати лаблабу, ҷузъи илтиҳобӣ кам мешавад ва хатари пайдоиши гипертония ва атеросклероз коҳиш меёбад.