Ovozi.uz

Ширинбия

Растании бисёрсолаи буттагии алафӣ, то 60 – 1,0 м қад дорад. Решаҳои боқуввати калонаш то 5 м ба чуқурии замин медарояд. Решаҳо аз берун ранги ҷигарӣ, аз дарун ранги зардчатоб дорад, бисёр ҳам ширин мебошад. Баргҳо ноҷуфти пармонанд аз 5 то 20 см дарозӣ доранд. Гулҳо ранги бунафша, буттаи он то 5 – 12 см мерасад. Мевааш дарозрӯя, лӯбиёгии кушоданашаванда.

Дар моҳи май – июн гул карда, дар моҳи июл – сентябр мевадор мешавад. Ширинбия дар водиҳо талу теппаҳо, биёбонҳо, лаби ҷӯйбору захбурҳо месабзад. Барои доругӣ решаро истифода мебаранд.

Дар тибби халқӣ решаи ширинбияро барои дардмандии роҳҳои нафаскашӣ истифода мебаранд. Дар соҳаи тиб барои захми меъда, истихроҷи балғам, хамчун пешгирии илтиҳоб (шамолкашӣ) ва ҳаргуна илтиҳобро пешгирӣ мекунад. Барои ин 15 г решаи майдакардашударо ба 200 мл об андохта, дар оташи паст 15 дақиқа меҷӯшонанд. Такшон ва хунук карда, 1 қошуқӣ 4-5 маротиба дар як рӯз истеъмол мекунанд.