Шифохонаи табиат
Шибит – растании яксолаи ба хунукӣ тобовар буда, намӣ ва рӯшноиро талаб мекунад. 500 сол пеш дар хатти мисрӣ дар бораи шивит ёддоштҳо мавҷуданд. Юнониҳои қадим аз шибит ва тухми он доруҳо тайёр карда, барои хӯрок истифода мебурданд.
Дар таркиби шибит равғани эфир, селлюлоза, флавоноидҳо, равған, шакар, каротин ва моддаҳои азот мавҷуданд. Шибит бӯйи тез дорад. Он ба таом маза ва ороиш дода, иштиҳоро мекушояд.
Шибити хушкро бо дигар гиёҳҳо омехта карда, зиравориҳо месозанд, аз тухмиҳо барои хушбӯй кардани чой ва сирко истифода мебаранд.
Ин кабудӣ хусусиятҳои сафровӣ ва пешобронӣ дорад ва бо илтиҳоби масона ва бемориҳои гурда самаранок мубориза мебарад. Он дар муддати кӯтоҳ бедорхобӣ ва дарди сарро бартараф мекунад. Дамламаи шибит хусусияти васеъ кардани рагҳо ва паст кардани фишори хунро дорад.
Дар тибби қадими занон ба дарди шиками фарзандон тухми шибит медоданд. Зеро, тухми шибит барои тоза кардани рӯда аз гиҷҷаҳо самара медиҳад. Барои ин шибити хушккардаро майда карда, як қошиқ дар дили наҳор истеъмол мекунанд.
Намаки магний ва моддаи оҳан барои мустаҳкам кардани ҷараёни хун ёрӣ медиҳад.
Шибит инчунин дар бемориҳои системаи нафаскашӣ, дар ҳолатҳои фишори баланди хун, коҳиши биниш ҳамчун омили шифобахш истифода бурда мешавад.
Дамламаи тухми шибитро дар табобати халқӣ барои кушодани иштиҳо, ҳозима, беҳтар кардани хоб ва табобати бемориҳои илтиҳобии гурда истифода мебаранд.
Инчунин, онро дар таъмири захмҳои сатҳӣ ва табобати аллергия истифода мебаранд.
Шибит – давои дарди шикам
