Ovozi.uz

Дар Намангон ронандае 76 бор қоидавайронкуниро содир карда, наздики 31 миллион сӯм ҷарима супорид

Аз рӯи маълумоти хизмати ахбори Садорати шӯъбаи иҷрои ҳатмии шаҳри Намангон ронандаеро барои қоидашиканиҳои зиёд, ҷарима рӯёниданд. Тибқи маълумот, ронанда 76 маротиба қоидашиканиро содир карда, маблағи ҷаримаро пардохт накардааст. Дар натиҷаи чораҳои зудамали ходимони Шӯъбаи иҷрои ҳатмӣ автомашинаи қарздор ба майдончаи ҷаримавӣ ҷойгир карда шудааст. Маълум мегардад, ки ронанда асосан суръати мошинро аз меъёр баланд ронда, рахи байни роҳро якчанд маротиба кӯфта ҳаракат кардааст. Азбаски ҷаримаҳоро дар муддати 60 рӯз пардох накардаасту ба бепарвогӣ роҳ додааст, ҳуҷҷатҳои мазкур ба идораи иҷрои ҳатмии шаҳри Намангон фиристода шудааст. Аз тарафи ходимони иҷрои ҳатмӣ барои бартараф кардани қарздорӣ огоҳонида шудааст. Дар давоми ҳаракатҳои иҷро ронанда ба миқдори 30,8 миллион сӯм ҷаримаро пардохт карда, қарздорӣ ба пуррагӣ бартараф шудааст.