Ovozi.uz

Дар интихоботи президентии Финландия 71,5 дарсади овоздиҳандагон иштирок намуданд

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Финландия ба анҷом расид. Қитъаҳои интихоботӣ дар саросари кишвар (зиёда аз 900 адад) соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ баста шуданд. Дар ин хусус ТАСС хабар медиҳад.

Натиҷаҳои пешакии интихобот бегоҳ маълум шуда, натиҷаҳои ниҳоии тасдиқшуда 30 январ эълон мешаванд.

Дар интихоботи президентии Финландия 71,5 дарсади раъйдиҳандагон иштирок намуданд. Дар ин хусус Вазорати адлияи Финландия хабар додааст.