Ovozi.uz

Имрӯз сарҳисобдори рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд», инсони хоксору меҳнатдӯст, падари ғамхору бобои дуогӯй Қудратака Тӯраев даргузашт

Қудрат Тӯраев 3-юми ноябри соли 1959 дар оилаи марди накӯному накӯкори самарқандӣ Сувонқулака ба дунё омадааст.
Пас аз хатми мактаби таълими умумӣ таҳсилро дар Донишкадаи кооперативии Самарқанд идома дода, соли 1980 онро ба итмом расонид ва дар Донишкадаи кооперативии Москва низ таҳсил гирифт.
Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун мудири лабораторияи илмӣ-хонишӣ дар Донишкадаи кооперативии Самарқанд оғоз намуд. Сипас, дар вазифаҳои гуногун меҳнат карда, сазовори ҳурмату эҳтироми ҷамоа гардид.
Соли 2001 масъулиятшиносӣ ва маҳорати кордонии ӯро ба эътибор гирифта, вазифаи сариқтисоддони садорати молияи ҳокимияти вилояти Самарқандро супориданд. Қудратака дар кадом вазифае, ки меҳнат кунад, ҳамеша ҳалолкориву сарфаву саришта кардани сарвати ҷамъиятиро шиори худ намуда буд.
Қудрат Тӯраев аз соли 2008 ин ҷониб ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун сарҳисобдор ба кор омада, ба пешравии кори таҳририят саҳми арзандаи худро гузошт.

Мо аз даргузашти ҳамкасби масъулиятшиносу меҳнатдӯсти худ Қудрат Тӯраев сахт андӯҳгин ҳастем ва дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба фарзандону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунем.
Аҳли ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд».