Рӯзи 12‑уми сентябр назди бинои ҳимояи иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд шукӯҳи идона дошту дар саҳни он велоскутерҳои зиёде меистоданд. Дар ин ҷо маросими ба соҳибкорон супурдани дучархаҳо баргузор гардид.
Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноат, дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят ва Садорати агентии миллии ҳифзи иҷтимоии вилояти Самарқанд зери шиори «Соҳибкор — ба халқ мададгор» (Тадбиркор — элга мададгор) ба 11 субъекти соҳибкорие, ки дар соҳаи хӯроки умумӣ фаъолият мебаранд, 150 адад велоскутер тақдим карда шуд. Шарти асосии ин бо кор таъмин намудани намояндагони қобили меҳнати оилаҳои камбизоате мебошад, ки дар рўйхати Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ қарор доранд.
Ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров ва масъулони дигар, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, аҳамияти ин иқдомро ба соҳибкорону шаҳрвандон фаҳмонда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуданд.
— Ин дучархаҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ дода мешаванд ва онҳо дар давоми 6 моҳ маблағи велоскутерро бефоиз пардохт мекунанд, — гуфт сарвари Палатаи савдову саноати вилоят Дилшод Мӯҳсинов. — Соҳибкорон шахсони лоиқи меҳнати оилаҳои дар рӯйхати ҳифзи иҷтимоӣ бударо ҳамчун курер — дастиёри боррасон ба кор қабул мекунанд. Дар натиҷа, ҳам кори тадбиркор пешрав мегардад ва ҳам чанд каси дигар соҳиби даромад мешавад.
Аз ин иқдом бисёр соҳибкорон шод шуданд. Зеро солҳои охир талаботи ба манзилҳои зист расонида додани таому маҳсулоти хӯрокворӣ зиёд шудааст. Бо дучархаҳо сари вақт ба мизоҷон расонидани хӯрокҳои гарму маҳсулотҳои қаннодӣ айни муддао мешавад.
Дар Самарқанд иҷрои вазифаҳое, ки рӯзи 11‑уми сентябр дар ҷаласаи видеоселекторӣ оид ба баррасии масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба марҳилаи сифатан нав бардоштани ин корҳо, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, оғоз ёфт.
Б.ҶУМЪАЕВ.
