Моҳҳои зимистони имсола гарм ва камбориш шуда истодааст. Аз ин рӯ, дар боғот гузаронидани обмонии захиравӣ, яхобмонӣ ва башаклдарории дарахтон хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Агар хоҷагидорон обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз мекунанд.
Дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин намиро хубтар мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд мегарданд. Ба заминҳо соле ду маротиба –моҳҳои декабр ва феврал яхоб мондан аз фоида холӣ нест.
Аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об дар бехи дарахтон захира шуда, касалиҳои хок ва ҳар гуна ҳашарот нобуд мешаванд. Давраи гулкунии дарахтҳои мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта мешавад. Инчунин он имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.
Корҳои дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд , буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, яхобмонӣ шурӯъ аз моҳи ноябр то феврал гузаронида мешавад.
Яхобмонӣ аз фоида холӣ нест
