Ҳоло сессияи 101-уми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд давом дорад.
Дар сессия ба муносибати интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ, ки 27-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, масъалаи муайян кардани шумораи мандатҳо дар Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Самарқанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мувофики моддаи 88-уми Кодекси интихобот шумораи намояндагони халқи Шӯроҳои вилоятӣ ва шаҳри Тошкандро Шӯрои дахлдори маҳаллӣ аз рӯи шумораи аҳолӣ муайян мекунад.
Дар ин
-дар минтақаҳои аҳолии то ду миллион нафар — аз сӣ то чил;
-дар минтақаҳои аҳолии аз ду миллион то се миллион нафар — аз чил то панҷоҳ;
— дар минтақаҳое, ки аҳолиашон аз се миллион зиёд аст, — аз панҷоҳ то шаст.
Дар асоси ин қоида шумораи мандат дар Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 60 нафар муқаррар карда шуд.
