Ҷамъомади навбатии комиссияи интихоботии вилояти Самарқанд баргузор гардид.
Дар он, ки раиси комиссия Х. Муҳаммадиев сарварӣ намуд, аввал масъалаи ташкил намудани комиссияҳои интихоботии шаҳр ва ноҳияҳо баррасӣ карда шуд.
Бар асоси моддаи 19‑уми Кодекси интихобот номзадҳо ба аъзогии комиссияҳои интихоботи шаҳр ва ноҳияҳо аввал дар маҷлисҳои Шӯроҳои намояндагони халқи шаҳр ва ноҳияҳо муҳокима карда, ба комиссияи ҳудудии интихобот тавсия дода мешаванд.
Комиссияи ҳудудии интихобот камаш қабл аз ҳафтоду панҷ рӯз то интихобот комиссияҳои интихоботии шаҳр ва ноҳияҳоро дар ҳайати иборат аз раиси комиссия, ҷонишини раис, котиб ва ҳашт-ҳаждаҳ нафар аъзо ташкил мекунад.
Шӯрои ду шаҳр ва чордаҳ ноҳия ҳайати номзадҳо ба аъзогии комиссияҳои интихоботии шаҳр ва ноҳияҳоро ташаккул дода, барои тасдиқ ба комиссияи интихоботии вилоят пешниҳод кардааст.
Комиссия номзадҳоро баррасӣ намуда, дар бораи тасдиқ кардани онҳо қарор қабул кард.
— Ба ҳайати комиссияҳои интихоботии шаҳр ва ноҳияҳо 364 нафар шахсро дохил карданд, 160 нафари онҳо, яъне 48 фоизашон аз зан-духтарон иборат мебошад, — гуфт ҷонишини раиси комисссияи интихоботии вилоят Санҷар Назаров. — 199 нафари аъзоён қаблан низ дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ кор кардаанд ва дар ин самт таҷриба доранд. 294 нафари онҳо маълумоти олӣ, 38 нафар миёнаи махсус доранд. Аз рӯи ихтисос 60 нафар педагог, 60 нафар иқтисодчӣ, 24 нафар ҳуқуқшинос, боз 24 нафар ходимони тиббиёт, 20 нафар муҳандис мебошанд. 131 нафари аъзои комиссия 31–40-сола, 105 нафар 41–50-сола, 48 нафар 51–60-солаанд.
Ҳайати комиссияҳои интихоботии шаҳр ва ноҳияҳо, манзил ва рақамҳои телефони комиссияҳои интихоботӣ дар веб-сайтҳои расмӣ ва нашрияҳои чопӣ эълон карда мешаванд.
Инчунин, дар маҷлис роҷеъ ба ташкил кардани маркази матбуот дар назди комиссияи ҳудудии интихобот қарор қабул гардид.
Ташкили комиссияҳои интихоботӣ
