Ovozi.uz

Ба фаъолияти роҳбарон баҳо дода мешавад

Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ташкили баҳодиҳии фаъолияти роҳбарон ва ҷонишинони онҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагиҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои муҳимтарини фаъолият» қабул карда шуд.
Мувофиқи он:
рӯйхати мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагиҳое, ки фаъолияти онҳо аз рӯи муҳимтарин нишондиҳандаҳои самаранокӣ баҳо дода мешаванд;
низом дар бораи тартиби баҳодиҳии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳурию роҳбарони иттиҳодияҳои хоҷагӣ ва ҷонишинони онҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои муҳимтарини фаъолият;
низом дар бораи тартиби баҳодиҳии фаъолияти ҷонишинони роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи муҳимтарин нишондиҳандаҳои фаъолият тасдиқ карда шуд.
Акнун фаъолияти роҳбарон ва ҷонишинони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагиҳо, инчунин ҷонишинони роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи муҳимтарин нишондиҳандаҳои фаъолият тавассути платформаи электронии «samaradorlik.uz» баҳо дода мешавад.
Роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва иттиҳодияҳои хоҷагиҳо ва ҷонишинони онҳо аз платформа дар доираи шартномаи пайвастшавӣ ва хидматрасонӣ ба платформаи электронии «hrm.argos.uz» истифода мебаранд.
Роҳбарони баҳогиранда маълумотҳои роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияташонро дар платформа сари вақт дохил мекунанд.
Тибқи қарор, шахсони масъул барои тасдиқи маълумот дар бораи иҷрои нишондиҳандаҳои самаранокӣ:
ташкилотҳое, ки барои тасдиқи маълумот оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои самаранокии аз ҷониби Девони Вазирон муайянгардида масъуланд, ба платформа аз ҷониби Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил карда мешаванд;
ин ташкилотҳо кормандони масъули худро ба платформаи электронии «hrm.argos.uz» ворид мекунанд ва барои нишондиҳандаҳои фаъолият тавассути платформа масъул мешаванд.
Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишондиҳандаҳои самаранокие, ки ҳисоби электронӣ ба пеш бурда намешавад то охири соли 2025 маълумотҳо аз рӯи амалӣ гардонидани нақшаи тадбирҳои роҷеъ ба зина ба зина рақамигардониро дар ҳар чоряк ба Агентӣ ва Девони Вазирон ворид мекунад.
Соҳиби платформаи агентӣ, оператори ҶММ «UZINFOCOM», ягона интегратор оид ба таъсис ва дастгирии системаҳои иттилоотии давлатӣ мебошад.
Оператор барои татбиқи платформа, нигоҳдории он, такмили минбаъдаи платформа, инчунин кори доимӣ ва бехатарии он масъул аст.

ӮзА.