Шӯрои марказии Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон бо дарназардошти мақсадҳои барномавии худ ва манфиатҳои электорат, дар мавзӯи «Муаммоҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолӣ ва ҳалли онҳо» ба тариқи онлайн семинари таълимӣ ташкил кард.
Дар он депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, масъулони шӯрои марказии ҳизб, раисони шӯрои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, аъзои гурӯҳҳои ҳизб дар шӯроҳо ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд. Аз рӯи мавзӯи семинар сардори садорати Шӯрои Марказии ҳизб Боймурод Юсуфов маъруза кард.
Сипас, самтҳои асосии устувори барномаҳои пешазинтихоботии шаҳр ва ноҳияҳо баррасӣ гардид. Роҷеъ ба ин масъала раисони шӯроҳои шаҳр ва ноҳияҳо тақдимоти ташаккули барномаи пешазинтихоботии номзодҳоро, ки пешниҳоди онҳо ба депутатии шӯроҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст, гузаронданд.
Таъкид гардид, ки 10–15 масъалаи асосӣ аз рӯи мавқеи ҷуғрофии ҳудуд, ривоҷёбии иҷтимоӣ-иқтисодии он, муаммоҳое, ки аҳолиро азият медиҳад, пешниҳоди таклифҳои асосӣ роҷеъ ба ҳалли ин масъалаҳо зарур аст.
На танҳо муайян ва ҳал намудани муаммоҳои одамон, балки омӯхтани фикру мулоҳизаҳои онҳо роҷеъ ба ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсии имрӯза, пешниҳодҳо доир ба ривоҷдиҳии ҳаматарафаи давлат ва ҷамъияти мо, инчунин роҳҳои ҳалли онҳоро гирд овардан зарур мебошад.
Бадриддин НАСРИЕВ,
раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон
