Ovozi.uz

Дар форуми ректорон беш аз 30 созишнома имзо карданд

Дирӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Қирғизистон кори худро оғоз кард. Дар чорабинӣ, ки таҳти мавзӯи «Хусусиятҳои ривоҷдиҳии таълими олӣ ва фаннии Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар марҳилаи замонавӣ» баргузор мегардад, ректор ва профессорони беш аз 60 муассисаҳои бонуфузи таълими олии ду кишвар, масъулони вазорат ва идораҳои дахлдор иштирок карданд.
Форумро Вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо Қӯнғиротбой Шарифов ва Вазири таҳсилоти олӣ ва фанни Қирғизистон Догдуркул Кендирбоева ифтитоҳ намуданд.
Дар доираи маҷлиси пленарии форум ва вохӯриҳои ширкаткунандагон дар бахшҳо ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таълими олии ду кишвар, табодули профессорону донишҷӯён, ташкили равандҳои таълимии мутақобила, баланд бардоштани сифати таълим, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва рушди ҳамкориҳо дар фаъолияти илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои илмии муштарак, инчунин масъалаҳои омодасозии кадрҳо дар самтҳои сайёҳӣ, геология, кишоварзӣ, тиб, рақамисозӣ ва интеллекти сунъиро баррасӣ карданд.
Дар доираи форуми дуввуми ректорон Вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо Қӯнғиротбой Шарифов ва Вазири таҳсилоти олӣ ва фанни Қирғизистон Догдуркул Кендирбоева мулоқот карданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаи табодули профессор-устодон ва донишҷӯён ва ба ин васила афзунсозии таҷрибаи онҳо, роҳандозии лоиҳаҳои нави таълимӣ дар ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, ба минбаъд омода кардани кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, корҳое, ки дар ин самт амалӣ мешаванд, муайян карда шуданд.
Имрӯз форум кори худро анҷом дод ва дар поёни ҳамоиш қариб 30 адад меморандуми ҳамкорӣ, созишнома ва харитаҳои роҳ байни муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Қирғизистон имзо гардид.
Инчунин, меҳмонон дар доираи форум бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд шинос гардида, аз масканҳои сазовори диққати шаҳр дидан карданд.
Бояд гуфт, ки нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва Қирғизистон 3–4 уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ӯш баргузор шуда буд.

Мухбири рӯзнома.