Ovozi.uz

Қадрёбии устод аз ҷониби шогирди қадршинос

Одам на танҳо хондану навиштан, балки оини худшиносиро низ аз муаллим ёд мегирад. Аз ин рӯ, соҳибони ин касби пуршарафро қаҳрамонони замона гӯем, хато нахоҳем кард. Мо ҳоло дар бораи муаллима Умеда Мӯъминова ҳарф заданием, ки бо меҳнати камтарона, дониши амиқ ва меҳрубониву сахтгирии ба худ хос аз дили шогирдонаш ҷой гирифта, ба эҳтирому эътирофи онҳо сазовор шудааст. Тарҷумаи ҳоли ӯ оддист. Вале воқеае рӯй доду вайро ба атрофиён шиносонд.
Умеда Мӯъминова соли 1975 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби таълими умумии рақами 1‑и шаҳри Самарқанд ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёт оғоз кардааст. Инак, 26 сол аст, ки ба фарзандони мардум таълиму тарбия медиҳад.
— Бачаҳои беистеъдод нестанд, — гуфт У.Мӯъминова. — Кашфи он ба муаллим вобаста аст. Муаллим бояд ба дили ҳар як шогирд гӯш андозад ва ҳамеша дар ҷустуҷӯйи усулҳои донишомӯзии замонавӣ бошад. Он гоҳ дарси вай хонандагонро чун оҳанрабо ба худ ҷалб месозад. Имрӯзҳо дар кишвари мо барои баланд бардоштани савияи таълим ва рағбатноксозии омӯзгорон як қатор чораҳо роҳандозӣ шудаанд, ки барои ҳарчи вусъат ёфтани маҳорату малакаи омӯзгорони ҷавон имконият фароҳам меоранд. Ин дар навбати худ ба мо — омӯзгорон имконият медиҳад, ки дониши худро боз ҳам мустаҳкам намуда, онро дар амал ҷорӣ намоем. Зеро, насли босаводу боистеъдод ояндаи дурахшони кишварамонро таъмин месозад.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки як нафар хатмкардаи собиқи мактаб ба муаллимаш «хонаи истиқоматӣ» тӯҳфа кардааст. Инро дида, агар яке тасанно, ҳамин гуна муаллимони ҷонфидо саломат бошанд гуфта бошад, дигаре ба падараш раҳмат, Худо умри ин гуна ҷавононро зиёда гардонад гуфт. Ва боз нафаре андеша кард, ки магар ин хабар рост бошад, охир «квартира» тӯҳфаи хурдакак нест…
— Аз ҳамкорону шиносон, ҳамсояҳо мефаҳмидам, ки онҳо аз биноҳои бисёрқабата хона харидаанд, — гуфт дар рафти сӯҳбат Умедаойтӣ. — Ҳамон лаҳзаҳо дар дили ман низ нияти гирифтани хона пайдо шуду ба воситаи телефон ва ба худи фирмаҳои хонасозӣ рафта, дар хусуси нарху наво ва чӣ хел гирифтани хонаҳои навбунёд маълумот гирифтам. Аммо дар даст барои пардохти қисми аввали пули хона маблағи кофӣ надоштам. Аз ин сабаб, харидани онро ба соли оянда гузоштам. Як рӯз ходими яке аз фирмаҳои рафтаам занг зад, ки баъзе ҳуҷҷатҳоямро расонам. Ҳайрон шуда, фаҳмонидам, ки ман ҳоло имконияти хона хариданро надорам. Аз байн боз чанд муддат гузашт, охирҳои моҳи сентябри соли гузашта, намояндаи ҳамон фирма ба мактаб омада, гуфт, ки ба ӯ супориш шудаасту ӯ бояд маро ба манзиле бубарад. Бо чанд андешаву хаёл ҳамроҳ рафтам. Дар он ҷо фаҳмидам, ки шогирдам Шералӣ Саидов роҳбари ширкати сохтмони хонаву ҷойҳои истиқоматӣ будаасту ба ман хона тӯҳфа кардааст. Ҳамин лаҳза вуҷудамро ҳиссиёте фаро гирифт, ки онро бо сухан фаҳмонидан мушкил аст. Хуллас, ман интизор набудам, ки аз ҷониби шогирдам ин қадар қадр меёбам. Инро чун қадрнамоии тамоми омӯзгорон мешуморам. Ифтихор мекунам, ки шогирдам дар ҷамъият касбу кори муносиби худро ёфта, барои пешрафти Ватанамон ҳисса мегузорад.