Ovozi.uz

Олими самарқандӣ дар Россия мукофот гирифт

Рӯзҳои 23-25-уми октябр дар Донишкадаи клиникии илмӣ-тадқиқотии педиатрия ва ҷарроҳии бачаҳои шаҳри Москва ба номи Ю.Велтишев дар мавзӯи «Технологияҳои инноватсионӣ дар педиатрия ва хирургияи бачаҳо» анҷуман гузаронида шуд.
Дар он оид ба дастовардҳои охирин марбут ба диагностикаи бемориҳои бачагона, табобат ва пешгирии онҳо, инчунин, усулҳои тибби анъанавӣ ва муосир дар асоси истифода аз мисолҳои васеъмиқёси клиникӣ маълумот дода шуд.
Дар ин анҷумани илмӣ, ки 23 сол боз ҳар сол гузаронида мешавад, вакилони Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд низ иштирок карданд.
Дар доираи анҷуман ба профессори кафедраи ҷарроҳии бачагонаи рақами 1-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд Азамат Шамсиев мукофоти «Устоди ҷарроҳи бачагона»-и ба номи арбоби фаннии хидматнишондодаи Россия А.Кисел тақдим карда шуд.
Бояд таъкид кард, ки ин мукофот то ин дам танҳо ба ҷарроҳони бачагонаи россиягӣ дода мешуд ва Азамат Шамсиев аввалин олими хориҷӣ мебошад, ки ба ин мукофот ноил гардид.
Профессор А.Шамсиев то имрӯз соҳиби медали тиллоии ба номи академик А.Вишневскийи Россия ва лауреати В.Немсадзе шуда буд.

Ғ.Ҳасанов