Ovozi.uz

Сайре ба олами беғубори кӯдакон

Як рӯзро бо кӯдакон гузаронидан баъзан барои бисёриҳо кори сангинтарин ба шумор меравад. Ҳоло ман ба саволҳои онҳо ҷавоб доданро намегӯям. Дар як рӯз садҳо савол медиҳанд. Ин барои омӯхтани неку бад, фаҳмидани оламу одам, дурусту нодуруст ба онҳо кӯмак мерасонад. Боз кӯдакон соҳиби қалби нозуку ақли бурро ҳастанд, ки онҳоро ба осонӣ аз фикрашон баргардонидан ё гуфтаашонро иҷро накардан имкон надорад.
Бале, онҳо дар интихоби одамони ба худ наздик, бозичаҳо, китоб, афсонаҳо ва ғайра табъи латиф доранд. Аз ин рӯ, ҳама нависандагону шоирон ҳам аз ӯҳдаи барои онҳо чизе навиштан намебароянд. Узви ҷавони Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Маликаи Бахтиёр бошад дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад. Китобҳои «Нони ҳалол» ва «Олами ирфон»-аш, ки барои кӯдакон навишта шудааст, имрӯз ба дасти хонандагони хурдсол расида, хуш пазируфта шудаанд. Ба қарибӣ ин нависандаи хушбаён барои хурдтаракони китобдӯст боз як маҷмӯаи нави ҳикояҳояшро аз чоп баровард. Китоб бо суратҳои вобаста ба ҳикояҳо оро дода шуда, забони навиштаҳо содаву фаҳмост.
Муштарии мӯҳтарам, ба фикрам ҳоло шумо дар бораи номи китоб фикр мекунед. Номи китобро нависанда аз забони Фараҳноз гирифтааст, ки вай пас аз «шӯхиву балогиҳои худ» аз модараш «Якта хандед, модарҷон» гӯён хоҳиш мекунаду ба лабҳои модараш ханда медавад.
Дар китоби «Якта хандед, модарҷон» нуздаҳ ҳикоя ҷой гирифта, дар ҳамаи онҳо хислатҳои беғубори кӯдакон бо рангҳои зебо тасвир шудааст. Масалан, дар ҳикояи «Кай ақли одам медарояд?» характери ёрирасонии кӯдакон ба рӯи коғаз омада бошад, дар ҳикояи «Худам нағз мебинам» меҳру муҳаббати онҳо нисбат ба наздикон, дар ҳикояи «Замбӯрча» бошад ростгӯӣ ва зиракияшон акси худро ёфтаанд.
Чуноне, ки дар боло қайд кардем, кӯдакон саволҳои аҷибе доранд. Ин аз ҷониби олимон таҳқиқ ҳам шудааст, ки хурдтаракон ба падару модарашон дар як рӯз чандто савол медиҳанд. Аз тадқиқотҳо маълум мешавад, ки онҳо дар як рӯз ба ҳисоби миёна метавонанд беш аз 280 савол диҳанд. Маликаи Бахтиёр ин ҳолро дар ҳикояи «Саратон дард кард?» бо маҳорати хоса тасвир кардааст. Кӯдакон монанди қаҳрамони нависанда Фаршед дар ҳар ду дақиқа дар вақти бедор буданашон аз волидонашон чизе мепурсанд ва рӯйхати саволҳо ҳатто аз натиҷаи тадқиқот ҳам мегузаранд.
Китоби «Якта хандед, модарҷон» на танҳо барои хурдтаракон, балки барои калонсолон низ муфид мебошад. Зеро, мо ҳам дар баъзе ҳолатҳо чӣ хостани кӯдаконро хуб намедонем ва бо хондани ин китоб роҷеъ ба табиати кӯдакон бисёр чизҳоро омӯхта метавонем.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ