Маълум, ки шоҳмот дар Ҳиндустон кашф шуда аст. Ҳоло он дар тамоми дунё мухлисони бешумор дорад. Дар Осиёи Миёна аз асрҳои VII-VIII то ҳол вобаста ба ин бозии ақлу хирад ва мухлисони он маълумотҳои шавқангез ба назар мерасанд. Ҳатто алломаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ баъди сафари Ҳиндустон доир ба шоҳмот китоби дарсӣ навишт, ки боиси ифтихору хушнудист.
Дар боқимондаҳои Дилварзини водии Сурхон ва пойтахти қадимаи суғдҳо Афросиёб чанд мӯҳраҳои шоҳмот пайдо шудаанд, ки дар осорхонаи Самарқанду Тошканд маҳфузанд.
Бо дастгирӣ ва ҷонибдории Сарвари давлатамон солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав ба варзиш, хусусан шоҳмот эътибори махсус дода мешавад.
Дар моҳи августи соли 2022 интишор ёфтани қарори Президентамон «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба боз ҳам оммавигардонӣ ва такмил додани шоҳмот» ва дар моҳи майи соли 2023 қабул гардидани қарор «Дар бораи чораҳои омадагии ҳамаҷониба ба 46 Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки соли 2026 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад ва тадбирҳои судбахш барои ба ҳаракати оммавӣ табдил додани шоҳмот» далели ин гуфтаҳо мебошад, ки ҳоло дастаи яккачини Ӯзбекистон ба он тайёрии пухта мебинанд.
Чуноне ки рӯзномаи мо хабар дода буд, аз 26_уми декабр то арафаи соли нави 2024 дар Самарқанд чемпионати ҷаҳон оид ба рапид ва блитс (тезамал, барқосо) баргузор гардид. Дар он, аз 52 кишвари дунё 338 нафар шоҳмотбозон барои пирӯзӣ талош карданд.
Ғайр аз ин, дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон, ки дар ватани шоҳмот — Ҳиндустон баргузор гардид, медалҳои тиллоро ба даст оварданд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакатамон, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сардори дастаи мунтахаб, гроссмейстер Ҷаҳонгир Воҳидов занг зада, онҳоро бо ғалаба табрик ва комёбиҳои нав ба нав таманно намуд.
— Самарқанд аз қадим маркази тамаддуни Шарқ буд ва хоҳад монд, — гуфт гроссмейстер Тоҳир Воҳидов. — Шояд шумо хабардор ҳастед, ки дар асри XII Алии Шатранҷӣ доир ба шоҳмот асари аҷибе навиштааст, ки аз он Амир Темур баҳра мегирад ва дар лаҳзаҳои фароғат худ рӯи тахтаи шоҳмот дона меронад.
Имрӯзҳо на танҳо дар байни варзишгарон, инчунин дар гузару маҳаллаҳо, мактабу муассисаҳои гуногун, иттиҳодияҳои эҷодӣ ҳам мусобиқаҳои шоҳмот гузаронида мешаванд.
Чанде пеш дар кишвари Булғория мусобиқаи пуршукӯҳи байналхалқии шоҳмот диққати мухлисони бешуморро ба худ кашид. Чунки дар он намояндаи Ӯзбекистон Нодирбек Абдусатторов пирӯз шуд.
Имрӯз дар Самарқанд ҳафт нафар гроссмейстери байналхалқӣ ҳастанд, ки дар мусобиқаҳои бонуфуз шарафи Ӯзбекистонро ҳимоят мекунанд.
Ғайр аз ин, дар олимпиадаи 46_уми ҷаҳонӣ ду дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Ӯзбекистон шарафи кишвари моро ҳимоят хоханд кард, ки яке аз онҳо аз Самарқанд аст.
Гроссмейстер дар омади гап таъкид намуд, ки шоҳмот на танҳо варзиш, инчунин гиманастикаи ақлу идроки инсон, омӯзандаи сабру тоқат, лаззат аз комбинатсияҳои аҷоибу ғароиб аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
котиби матбуоти шӯъбаи вилоятии Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон
