Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо мақсади таъмини шуғли хатмкунандагони донишгоҳ, дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратии онҳо ва ба онҳо кредит ҷудо кардан, маркази «Қадам ба сӯи оянда» кушода шуд.
Сарвари давлатамон 14-уми феврали соли равон зимни мулоқот бо ҷавонони кишварамон қайд намуд, ки се қарори муҳимеро қабул кард, ки онҳо давраи комилан нави соҳибкории ҷавононро оғоз мекунанд, аз ҷумла ташкили низоми нави таъмини шуғли ҷавонони хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ.
Бар асоси ин ташаббус маркази «Қадам ба сӯи оянда» таъсис ёфта, барои он ба Бонки миллӣ 100 миллион доллари амрикоӣ ресурс дода шуд. Ин маблағ барои маблағгузории нақшаҳои бизнеси хатмкунандагон ва додани қарз ба онҳо сарф мешавад.
