Ovozi.uz

Мусобиқаи байналмилалии сеюми “Women’s Chess Championship 2025” оғоз ёфт

Имрӯз дар шаҳри Самарқанд мусобиқаи байналмилалии сеюми “Women’s Chess Championship 2025” оғоз ёфт

Чӣ тавре, ки хабар дода будем, дар маркази сайёҳии байналхалқии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд мусобиқаи “Women’s Chess Championship 2025” ифтитоҳ ёфт.

Дар ин мусобиқа аз 13 кишвари ҷаҳон 150 зани шоҳмотбоз ширкат доранд.

Дар ифтитоҳи мусобиқа ҷонишини раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Комил Синдоров, ҷонишинҳои ҳокими вилоят Р.Қобилов ва Ҳ.Тӯхтаев суханронӣ намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа муваффақият таманно намуданд. Зимнан зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур барои омодагӣ ба Олимпиадаи 46-уми умумиҷаҳонии шоҳмот, ки соли 2026 дар кишвари мо, аз ҷумла дар Самарқанд баргузор мешавад, инчунин барои рушди шоҳмот миёни занон, такмили маҳорати аъзои дастаи мунтахаби кишвар, табодули таҷриба бо шатранҷбозони моҳири хориҷӣ имкон фароҳам меорад.

Миёни шатранҷбозони ӯзбекистонӣ дар ин мусобиқа Умида Омонова, Барчиной Шокирҷонова, Афрӯза Ҳамдамова, Марҷона Маликова ва Нодира Нодирҷонова довталабони аслии пирӯзӣ буда, шарафи кишварамонро ҳимоя мекунанд.

Вохӯриҳо аз рӯи қоидаи ФИДЕ дар ду гурӯҳ байни занон (духтарон) барпо мегарданд. Дар гурӯҳи «А» иштирокчиёни рейтинги 1800 ва аз он болотар, дар гурӯҳи «Б» шоҳмотбозони рейтинги 2000 ва аз он паст иштирок мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа турнир дар 9 давр аз рӯи низоми стандартии швейтсарӣ баргузор мешавад. Ба ҳар як иштирокчӣ 90 дақиқа вақт дода мешавад ва аз ҳаракати аввал ба ҳар як ҳаракат 30 сония илова карда мешавад. Пеш аз 30 ҳаракат ба дуранг расидан мумкин нест.