Фестивали байналмилалии «Таронаҳои Шарқ» имсол рӯзҳои 25–30-юми август бо дастгирии ЮНЕСКО дар маҷмааи «Шаҳри абадӣ»-и Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд баргузор мегардад.
«Таронаҳои Шарқ» аз қатори фестивалҳои машҳури на танҳо Осиёи Марказӣ, балки миқёси ҷаҳон ҷой гирифт. Мисоли барҷастаи инро дар сол аз сол афзудани шумораи иштирокчиёни фестивал ва хоҳишмандон аз давлатҳои гуногун дидан мумкин аст. Инчунин, пайваста баланд шудани савияи фестивал мебошад.
Дар фестивали аввалин, ки соли 1997 баргузор гардид, аз 32 давлат гурӯҳҳои мусиқӣ ва сарояндагон ташриф оварданд. Дар фестивали ХII, ки соли 2019 барпо шуд, аз 75 давлат беш аз 340 нафар иштироккунанда ҳозир шуданд. Фестивали мазкур, ки дар ҳар ду сол як маротиба гузаронида мешавад, дар соли 2021 аз сабаби пандемия то ҳол гузаронида нашуд.
Мувофиқи хабари Вазорати маданият ба беш аз 100 мамлакат барои иштирок даъватнома фиристода шудааст. То ҳол Япония, Индонезия, Полша, Белорус, Озарбойҷон, Грузия, Италия ва боз як қатор давлатҳои Осиёи Шарқӣ хоҳиши иштирок карданро изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мукофоти асосӣ Гран-прии фестивали байналхалқии «Таронаҳои Шарқ», ки соли 2019 баргузор шуд, ба вакили Ӯзбекистон Меҳрнигор Абдурашидова насиб гардида буд.
Нуфузи ҷаҳонии «Таронаҳои Шарқ» меафзояд
