Маҳаллаҳо дар омӯзиши муаммоҳои аҳолӣ, мустаҳкам гардонидани муносибатҳои оилавӣ, пурзӯр кардани корҳои маънавию маърифатӣ ва тарбияи авлоди оянда бисёр корҳои назаррасро ба ҷо меоранд. Ҳаминҳоро ба назар гирифта, бо мудири шӯъбаи Иттиҳодияи маҳаллаҳои ноҳияи Самарқанд Шавкат Ҳасанов мусоҳиба оростем.
— Шавкат Орифович, сараавал бигӯед, ки дар таркиби иттиҳодияи ноҳиявии маҳаллаҳо чӣ қадар маҳалла аст?
— Дар ноҳияи мо алҳол 74 маҳалла вуҷуд дорад. Дар байни онҳо 6 маҳалла хурд бошанд, 8 маҳалла калон аст. Дар ин гуна маҳаллаҳои калон 1200–1300 хонавода зиндагонӣ мекунанд. Дар байни 74 нафар раиси ҷамоати шаҳрвандон 4 нафар занон ҳам ҳастанд. Пештар шумораи маҳаллаҳо бисёр буд. Аз сабаби ба ҳисоби шаҳр гузаштани як қисми маҳаллаҳо ҳоло камтар шудаанд. Дар 56445 хонаводаи маҳаллаҳо 278517 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Дар шӯъба роҷеъ ба дастгирии маҳаллаҳо, расонидани кӯмак аз ҷиҳати амаливу услубӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» корҳои зиёде ба ҷо оварда мешаванд.
— Масалан, баъзеи онҳоро номбар мекардед…
— Аз ҷониби 4 сектори ноҳия дар самтҳои ҳалли муаммоҳои аҳолии 74 маҳалла, таъмини ҳамкории «ҳафтгонаи маҳалла», корбарӣ бо ҷавонон, таъмини аҳолӣ бо кор ва ғайра самаранок ташкил карда шудааст. Дар ин бобат ҳолати демографии аҳолӣ, таълим, объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, ҷамъ аз рӯи 25 самти 401 нишондиҳандаи 4 сектор ва баланси умумии ноҳия ташаккул дода шуд ва ҳоло аз рӯи ин самтҳо кор пеш бурда мешавад. Ба туфайли рақамисозии корҳо одам аз маҳаллаи худ истода, аз хизматрасонии давлатӣ ва иҷтимоӣ истифода бурда метавонад.
— Аҳли маҳаллаҳои ноҳия барои амалӣ намудани лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳисса гузоштанд?
— Ҳа, дар доираи амалӣ гардонидани лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар 74 маҳалла қариб 80 ҳазор бех ниҳолҳои меваноку маназаравӣ шинонданд. Ба ин кор 9410 нафар ҷавонон ва 10200 нафар нурониён ҷалб гардиданд. Инчунин, дар маҳаллаҳо ҳар як ид ва санаҳои таърихӣ васеъ қайд карда мешаванд. Дар доираи чорабиниҳои мазкур ва маънавию маърифатии дигар нурониҳо, занону духтарон ва ҷавонон ҷалб карда шуда, мусобиқаҳои варзишӣ, озмун-азназаргузарониҳо, чорабиниҳои хайриявии нимсолаи аввали маҳалла 68381 нафар шаҳрвандон иштирок карданд.
— Солҳои охир маҳаллаҳо обод шуда, ба худ қиёфаи тоза мегиранд. Як қисм аҳолии маҳаллаҳо ба воситаи овоздиҳӣ ба «буҷети кушод» ба ин саҳм мегузоранд. Имсол кадом маҳаллаҳои ноҳия ғолиб шуданд?
— Соли гузашта аҳолии маҳаллаи Қӯшкӯпрук барои ғолибияти дар «буҷети кушод» ҳаракат карда, овози зиёд доданд. Дар натиҷа, имсол бинои ин маҳалла аз ҳамон ҳисоб азнавсозӣ карда мешавад. Сокинони маҳаллаи Сулфакабудак барои сохтмону таъмири майдончаи варзишӣ имкон пайдо карданд. Дар ин ҷо бинои маҳалла ҳам қад меафрозад. Маркази маҳаллаи Ҷӯи Аббос аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохта мешавад. Ин гуна корҳо дар дигар маҳаллаҳо ҳам давом доранд. Бинои хуб, шароити кории зарурӣ барои самаранок гаштани кори «ҳафтгонаи маҳалла» мусоидат мекунад. Ба қарибӣ мо барои беҳбудии фаъолияти онҳо ба 18 маҳаллаи ноҳия яктоӣ маҷмӯи компутерӣ тақдим кардем.
— Умуман, фаъолияти кадом маҳаллаҳои ноҳия беҳтар ба роҳ монда шудаанд?
— Қариб ҳамаашон. Ба инҳо маҳаллаҳои Чоршанбе, Қӯштамғалӣ, Оқмасҷид, Қавчинон, Оҳалик, Арабхона, Рустам, Раҷабамин, Қумзор, Кӯсаҳо, Қӯлба, Талибарзу ва ғайра мисол шуда метавонанд, ки мардум аз корбариҳои раисони маҳаллаҳояшон қаноатманд мебошанд.
— Шавкат Орифович, маҳаллаҳо ободу зебо мешаванд. Вале баландшавии маърифату маданияти мардум чӣ хел аст? Ба ҳама маълум, ки дар ин бобат нақш (рол)-и китобхонаҳо калон мебошад.
— Дуруст. Корҳои зиёди хоҷагӣ, ободониро зуд иҷро кардан мумкин аст. Вале барои баланд бардоштани савияи маърифату маданияти мардум солҳо лозим мешаванд. Албатта, мо тарафдори баланд гардидани савияи донишу маърифат ва маданияти аҳолӣ мебошем ва барои ин чораҷӯиҳо мекунем. Масъалаи зиёд кардани шумораи китобхонаҳо дар нақша аст. Дар айни замон 15–16 маҳалла китобхона доранд. Вале инҳо ҳанӯз кам буда, моро қонеъ гардонида наметавонанд. Мо ният дорем, ки дар оянда ҳар як маҳалла соҳиби китобхона гардад. Барои ин кори хайр соҳибкорон ва ҳимматбаландони маҳаллаҳо, албатта дасти мадад дароз мекунанд.
Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.
