Ovozi.uz

Фарзандон аз мо андоза мегиранд

бинобар ин, пеш аз ҳама бояд худро тарбия намоем

Шояд бисёриҳо дар ёд дошта бошанд, ки 4–5 сол пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ як лавҳаи ғамангезе паҳн шуд. Дар он модари хитоӣ телефонро аз дасти писараш, ки субҳу шом аз бозӣ сар намебардошт, гирифт. Писари 10–11 сола ба модараш часпида, баргардондани телефонро талаб карда, дод мезанад ва ба ҷазаба меафтад. Модарашро дашном медиҳад. Модар ҳам паст наомада, мегӯяд ки телефонро намедиҳам. Писар худро идора карда натавониста, корди ошхонаро ба даст мегирад ва мегӯяд, ки ё худашро мекушад ё модарашро. Бо таҳдид ба модараш ҳуҷум карда, телефонро кашида мегирад ва ба кӯча давида меравад. Модар бошад доду фарёд зада, беҳол мешавад ва дар ҷояш нишаста мемонад.
Ё ки боз як манзараи дигар: вақте ки аз дасти кӯдаки 2–3‑сола телефонро мегиранд, гиря мекунад ва вақте ки телефонро бармегардонанд, дарҳол ором мешавад. Ин амал 2–3 маротиба такрор мешавад. Мутаассифона, чунин насл қариб дар тамоми кишварҳои дунё ба воя мерасад. Агар дар сари вақт чораҳои зарурӣ андешида нашавад, оқибаташ вазнин хоҳад шуд. Аз ин рӯ, дар кишварамон таваҷҷӯҳ намудан ба насли ҷавон ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Аҳли ҷамъият низ ба як қатор ислоҳот, ки мақсад аз он ҳаматарафа дастгирӣ намудани писарону духтарон мебошад, ҳамроҳ гардид.
Дар замони пуршиддат аксар вақт тамоюлҳои анъанавии ахлоқӣ иваз карда мешаванд. Хавфи ғарқ шудани насли наврас ба фазои иттилоотӣ ва мавзӯи ҳифзи фарзандони мо аз таъсири манфии «маданияти оммавӣ» дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Кӯдакони имрӯза мисли 10–20 соли пеш нестанд: шавқу рағбати дигар, рафтору фарҳанги дигар доранд. Насли имрӯза ба ҳеҷ ваҷҳ аз калонсолон камӣ ва бартарӣ надоранд. Фақат онҳо дигархелтаранд. Зеро, ҳоло худи ҳаёт дигар хел пеш меравад. Аз ин рӯ, кӯдакон, бешубҳа ба ҳамон зиндагии дигар, воқеиятҳо ва арзишҳои он нисбат ба мо беҳтар мутобиқ мешаванд.
Авлоди мо маҷбур шудааст, ки ба формати нави зиндагӣ мутобиқ шавад. Ин бошад барояшон комилан ҳолати табиист. Бешак, ҷавонон бо нигоҳи амиқ ва кушоди худ ба ҷаҳон ва ба касбҳои наве, ки талаффузи он душвор буда, маънои онро бе дониши махсус фаҳмида наметавонанд, ғарқ мешаванд.
Ҳузур ба озор табдил наёбад
Компютер, телефон, гаҷетҳоро як тараф монем, онҳоро як илоҷ карда метавон идора намуд, аммо дар ҳар қадами ошкор ё пинҳонӣ чизҳое мисли PlayStation имрӯз ба лонаи фасод табдил ёфтааст. Боре аз кор дер баромада, дар метро бо писари навраси ҳамсояам вохӯрдам. Ҳамроҳ сӯҳбат намудем.
— Дер монда, аз куҷо меоӣ?
— Бо PlayStation бозӣ карда дер мондам.
Худро ба нодонӣ задам. Аз як тараф, ман аслан дар ин бора тасаввуроте надоштам.
— Вай чист?
— Бозӣ.
— Чӣ гуна бозӣ аст?
Писарбача бо шавқ дар бораи PlayStation маълумот дод. Ҳамин қадар фаҳмидам, ки ҳоло бештари ҷавонон ба чунин бозиҳо майл доранд. Дар байни онҳо чунинҳое ҳам ҳастанд, ки бо пул бозӣ мекунанд. Аҷибтар аз ҳама, бозиҳое, ки кӯдакон ба онҳо ҷалб мешаванд, бар ваҳшигарӣ, хашм, ҷанг ва куштор асос ёфтааст. Феълу атвори бачаҳое, ки ҳар рӯз бо ин бозиҳо машғул мешаванд, мувофиқи он ташаккул меёбад. Наврас ба дараҷае мерасад, ки аз зудранҷӣ, бераҳмӣ, ба чизи саҳл аз ҳад гузашта, аз озор додани атрофиён рӯ намегардонад ва ҳатто аз ин лаззат мебарад. Аз ин чизи даҳшатноктаре шояд набошад.


Чанде пеш маҷбур шудам, ки 2–3 рӯз дар яке аз вилоятҳо бо тиҷорат машғул шавам. Аз имконият истифода бурда, фурсати холиро ғанимат дониста, бо ҳамкурсон вохӯрдем. Ман медонистам, ки Насиба муаллима аст. Дар байни сӯҳбат ӯ гуфт: «Агар зудтар ба синни нафақа мерасидам, кор намекардам». Ман ба он рағбат намудам, ки чаро ӯ ба нафақа шитоб мекунад.
— Ҳамааш ба ҷонам расид, — фиғони ҳамкурсам ба осмон баромад. — Ба ин наврасон дарс гузаштан ғайриимкон аст. Хуб аст, ки ман ҳоло дар рухсатӣ ҳастам, хеле хотирҷамъам. Вагарна, маро дар ҳолати асабонӣ дида, ба ҳарос меафтодед.
— Тинҷӣ-мӣ?
— Зиёда аз нисфи синф девонаи телефон шудаанд, ҳушу хаёлашон ба матои дасташон банд. Онҳо бо ҳам бозӣ мекунанд, бо аксбардорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ «лайк» ҷамъ мекунанд. Ба ҳамин телефонаш оташ афтад. На дарсро мешунаванд, на вазифаи хонагиро бо шавқу ҳавас тайёр мекунанд. Ҳоло чунин замон нест, ки онҳоро задаву таҳқир кунем. Вақти дарс онҳоро ба тартибот даъват кардан, ба баҳсу мунозира мегузарад. Маданияти муомила тамоман нест. Донишомӯзоне, ки дар даст китоб доранд, ангуштшуморанд.
— Падару модаронро ҷалб намекунед, ба онҳо хабар намедиҳед? Магар маҳалла дахолат намекунад?
— Аз гуфтан хаста шудем, асаб тамом шуд. Чунин волидоне низ зиёданд, ки тамоми айбро ба гардани мо бор мекунанд. Онҳое, ки мефаҳманд, ба тарбияи фарзанд машғуланд, мехоҳанд ба мо кумак кунанд, аммо каманд.
Ба ҳамкурсам ким-чиҳое гуфтам, маслиҳат додам, вале дарду алами дилаш, ғуборе, ки аз қалбаш баромада, ба осмон дакка мехӯрад, ба назари ман, заррае ҳам паст нашуд.
Оё роҳи ҳалли мушкилот вуҷуд дорад?
Муддати зиёдест, ки мафҳуми «маданияти оммавӣ» дар муомила аст. Ба гуфтаи коршиносон, ин падидаи ҳаёти муосир аст, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро дар бар мегирад. Бачаҳо бештар ба зери таъсири дигарон меафтанд, зеро табиатан онҳо «нусхабардор» ҳастанд. Аз ин рӯ, мо дар зиндагӣ ба авбошӣ, ҷангарагӣ, дағалӣ, ҷанҷолҳоро бо пул харидани бачагон дучор меоем. Аммо аксари бачагон берун аз гурӯҳ рафтори хуб доранд, хубу бадро фарқ мекунанд ва рафторашон мутаносиб аст. Дар байни гурӯҳ бошад ин хислатҳо гум мешавад, хашмгинии дигарон ба гурӯҳ зуд мегузарад.
Агар ба суханони равоншиноси маъруф Дил­ёра Аҳмадова гӯш диҳем, масъала каме рӯшан мешавад:
— Барои ҷавонон ҷаҳони виртуалӣ беҳтар аз воқеист. Ин ба чӣ оварда мерасонад? Хуб медонем, ки дар фазои виртуалӣ муошират кардан осон аст. Аксаран, муоширати зинда миёни ҷавонон бо истинод ба наворҳо ва «лайк»-и аксҳо иваз мешавад. Талабот ба муоширати рӯ ба рӯ кам шудааст. Одатҳое мисли нашри маълумот дар бораи чӣ хӯрдан, бо кӣ нишастан, чӣ гуна рафтан ба чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ҷалб кардааст.
Вақте ки писарон ва духтарон аз хоб бедор мешаванд, аввалин коре, ки онҳо мекунанд, ба даст гирифтани гаҷет аст. Дар хобашон лаззате нест. Зеро, дар интернет он қадар маълумоти ҷолиб мавҷуд аст, ки ҷавонон танҳо шабона имкон доранд ба ин ҷаҳони ҷолиб ғарқ шаванд. Вайрон кардани хоб ба саломатӣ зараровар аст. Дар шабака ҷавонписарон ва духтарон аз як сайт ба сайти дигар, мисли паррандагон аз ин шоха ба он шоха мегузаранд. Ин боиси вайроншавии диққатҷалбкунӣ, рӯякӣ шудани тафаккур мегардад. Барои онҳо омӯзиши мавзӯъ, хондани матни бештар ё таваҷҷӯҳ ба чизи муҳим дилгиркунанда мегардад.
Синни воқеии наврасӣ аз 12 то 16-сола аст. Давраи мураккаб. Ин тоифа акнун кӯдак нестанд, аммо ҳанӯз калонсол ҳам нестанд. Онҳо дорои хусусиятҳои ҳар ду — ҳам калонсолон ва ҳам хурдсолон хоҳанд буд. Аксарияти калонсолон пешгӯӣ карда наметавонанд, ки наврас ба ин ё он вазъият чӣ гуна муносибат мекунад. Зеро гуфтан ғайриимкон аст, ки ин аз қисми ба воя расидаи ў аст ё аз кўдакӣ.
Албатта, барои писарону духтарони синни гузариш осон нест. То он даме, ки худро нафаҳманд, дигаронро фаҳмида наметавонанд. Барои он ки шахси бонуфуз ва обрӯманд гарданд, лозим меояд, ки аҳамияти волидайни худро як сӯ гузоранд. Аз ин рӯ, наврасон, фикру мулоҳизаи волидонро сарфи назар карда, бо назарҳои онҳо мубориза мебаранд. Аз ин давра гузаштан лозим аст.
Нигилизми наврасон хеле ногувор аст, , аммо аз он канорагирӣ кардан мумкин нест. Вақте ки онҳо ба синни наврасӣ мерасанд, кӯшиш кунед, ки таъсири худро ба наврас нигоҳ доред. Бо онҳо сӯҳбат кунед. Дар бораи солҳои наврасӣ, мушкилоте, ки шумо рӯ ба рӯ шудаед ва чӣ гуна онҳоро паси сар кардаед, ба онҳо нақл кунед. Ба фарзандатон ҳамеша фаҳмонед, ки шумо тарафдори ӯ ҳастед. Бо вуҷуди ин, гӯш накардан набояд ҳамчун итоаткорӣ қабул карда шавад. Ба кӯдак таълим диҳед, ки бо шумо ҳисобӣ кунад, фикри дигаронро низ бояд эҳтиром намояд. Худатон низ ӯро эҳтиром кунед. Масалан, чизҳои ӯро кофтуков кардан, бе тақ-тақ ба хонааш якбора зада даромадан дуруст нест.
Аз фикрронӣ бознаистем
Дар натиҷаи зиёд шудани таваҷҷӯҳ ба технология шавқи кўдакон ба китоб то андозае кам шуд. Ин ба ахлоқи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Чанде пеш як духтари ӯзбекистонӣ дар Олимпиадаи ҷаҳонии забони олмонӣ дар Олмон ғолиб омад. Дар баҳсҳое, ки дар он донишҷӯёни 62 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, ба Райёна Иброҳимова касе баробар шуда натавонист.
Ё Диёра Келдиёрова тавонист бо маҳорати ҷисмонӣ ва тавоноии худ дар Олимпиадаи Париж тамоми ҷаҳонро тасхир кунад.
Чӣ, магар Райёна ва Диёра ба воситаи компютер ба интернет ворид нашудаанд ё аз телефон истифода набурдаанд? Чунонки мегӯянд, корд дар дасти қотил аслиҳа аст, дар дасти ошпаз бошад аҷоибот ба вуҷуд меорад. Онҳо дар сари вақт аз ин имконият дуруст ва самаранок истифода бурдаанд. Яке дониш андӯхт, омӯхт, китоб мутолиа кард ва маънавиёти худро ғанӣ гардонд, дигаре бар замми ин ба камолоти ҷисмонӣ ноил гардид.
Мақоле ҳаст, ки «вақте одамон хонданро қатъ мекунанд, аз фикр кардан низ боз мемонанд». Дар замони пуршиддати имрӯза китоб дар ҳаёти маънавии инсон мақоми хеле баланд дорад. Бо мутолиаи китоб инсон зиндагӣ кардан, рӯҳонӣ ва маърифатнок шуданро меомӯзад.
Чӣ тавр дар кӯдаконамон ба китобхонӣ шавқу рағбат пайдо кунонем? Роҳҳои баланд бардоштани шавқи хонандагон ба адабиёти бадеӣ кадомҳоянд? Пеш аз ҳама, падару модарон бояд дар мутолиаи китоб ибрати шахсӣ нишон диҳанд. Зеро, фарзандамро тарбия мекунам, гуфта ғам нахӯред, бефоида аст. Худатонро тарбия кунед, фарзандатон аз шумо андоза мегирад.

Нодир МАҲМУДОВ
Замони пуршиддат ва тамоюлҳои ахлоқӣ.