Ҳайати Тоҷикистон, ки аз намояндагони 13 корхонаи истеҳсол ва коркарди хушкмева ва ду ассотсиатсияи соҳавӣ иборат буд, бо сафари омӯзишӣ аз кишварамон дидан карданд. Зимни ин сафар соҳибкорон ва иттиҳодияҳои соҳавӣ бо таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои Ӯзбекистон дар самти истеҳсол ва коркарди хушкмева шинос шуда, барои барқарор намудани робита ва густариши ҳамкорӣ имкон пайдо намуданд.
Сафар аз 10 то 14 август идома ёфта, дар ҷараёни он соҳибкорони соҳаи кишоварзии кишвари ҳамсоя бо коркарди меваи хушк дар шаҳрҳои Фарғона ва Самарқанд шинос шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ширкатҳои маҳаллии коркарди хушкмева дар ҳар ду шаҳр бо равандҳо ва фанновариҳои истеҳсолӣ шинос шуд. Ҳамчунин сафар ба аъзои ҳайат имкон фароҳам овард, то бо шарикон тамосҳои тиҷоратӣ барқарор намуда, имконияти дастрасӣ ба ашёи хом ва бозори фурӯшро баррасӣ намоянд. Онҳо ҳамчунин оид ба вазъи пешбурди соҳибкорӣ дар ҷумҳурии мо, ба монанди низоми андоз ва андозбандӣ, равандҳои воридоту содироти маҳсулот, дастрасӣ ба маблағ ва қарзҳои бонкӣ, пуштибонии давлат аз соҳа маълумот пайдо карданд. Дар баробари табодули таҷрибаи тиҷоратӣ ин ибтикор ҳамчунин ҳадаф дошт, то байни ассотсиатсияҳои соҳавӣ барои ҳамкории оянда тамос барқарор гардад.
