Ҷӯраев Бахтиёр Муқимович ба вазифаи сарвари Садорати экологияи вилояти Самарқанд таъин гардид.
Б.Ҷӯраев соли 1988 дар вилояти Фарғона, ноҳияи Учкӯприк таваллуд шудааст. Ӯ то ба таъинот ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сарвари Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии қилими вилояти Тошканд кор кардааст.
Соли 2009 Донишкадаи политехникии Фарғона ва соли 2011 Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкандро (магистр) хатм кардааст.
Аз соли 2015 дар системаи экология кор мекунад.
Камолиддин Шерматов, ки қаблан чун сарвари Садорати экологияи вилоят кор мекард, ба минтақаи дигар ротатсия (интиқол) шуд.
