Ovozi.uz

Дар «Таронаҳои Шарқ» аз кишварамон киҳо иштирок мекунанд?

Вазорати маданият дар озмуни ҷумҳуриявии Фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ба саволи мазкур ҷавоб дод.

Дар озмуни бо ҳамкории Вазорати маданият ва Маркази дастгирии ҷавонони соҳибиқтидори дар назди вазорат гузаронида шуда, аз тамоми гӯшаҳои мамлакат беш аз 60 нафар ҷавонони эҷодкор иштирок намуданд.

Ба гуфтаи ташкилотчиёни озмун, мақсади асосӣ аз гузаронидани он муайян кардани намояндаи кишварамон барои баромад дар фестивали имсола аз байни ҷавонон буд.

Баромадҳои онҳо аз ҷониби сарояндагон, оҳангсозон ва мусиқидонҳои маъруф дар чор самт баҳогузорӣ шуданд.

Узви ҳайати озмун, артисти собиқадори Ӯзбекистон Тоҳир Қӯзиев дар бораи иштирокчиён фикрҳои худро гуфта, таъкид намуд, ки дар байни онҳо сарояндагон ва навозандагон, гурӯҳҳои хуб хеле бисёр будаанд. Аз ҷумла, вай гурӯҳи «Мақом бенд», овозхони бухороӣ Гулчирой Бахшиллоева, найнавоз Тоштемур Шукруллаевро махсус қайд кард.

Тибқи қарори ҳайати доварон ҷойи аввал дар самти мусиқии халқии ба дараҷаи профессионалӣ насиби ҷамоаи гурӯҳи «Мақом бенд» ва ансамбли миллии мумтози назди Орекестри давлатии симфонии Ӯзбекистон гардид. Дар самти сурудҳои халқии ба дараҷаи профессионалӣ (классик) бошад намояндаи вилояти Навоӣ Шерзод Мардонов ғолиб шуд. Дар самти суруд ва оҳангҳои аз ҷониби композиторони замонавӣ офарида найнавози ансамбли мумтози миллии назди Оркестри давлатии симфонии Ӯзбекистон Тоштемир Шукруллоев ва вакили вилояти Бухоро Гулчирой Бахшиллоева ғалабаро ба даст оварданд. Инчунин, ҷавонони ҷойи дуввум ва сеюмро гирифта низ ба таври муносиб рағбатнок карда шуданд.

Ба нафароне, ки сазовори ҷойҳои аввал гардиданд, роҳхат барои иштирок аз номи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» супурда шуд.