Бар асоси натиҷаҳои як назарсанҷии интернетӣ, ки пажӯҳишгоҳи байналмилалии маркетинги GfK анҷом додааст, Хитой дар раддабандии кишварҳои аз ҳама китобхони ҷаҳон дар ҷои якум аст. Россия дар ҷои дуввум ва Испания дар ҷои саввум қарор доранд. Зиёда аз 59 дарсади шаҳрвандони Русия «ҳар рӯз ё қариб ҳар рӯз» ё ҳафтае як маротиба китоб мехонанд. Дар ин мамлакат китобхонӣ ба шуғли дӯстдоштаи мардум табдил ёфтааст.
Азбаски дар ҷаҳон шумораи зиёди хонандагон вуҷуд дорад, ҷашне ихтироъ шудааст, ки ҳамаро муттаҳид мекунад, ин Рӯзи дӯстдорони китоб аст.
Амрикоиҳо аввалин шуда Рӯзи дӯстдорони китобро ҷашн гирифтанд. Баъд мухлисони адабиёт аз тамоми гӯшаю канорҳои ҷаҳон ин идеяро дастгирӣ карда, ба ҷашнгирӣ ҳамроҳ шуданд.
Ҳоло технологияҳои гуногун дар истеҳсоли чопи китобҳо истифода бурда мешаванд. Баробари китобҳои маъмулӣ китобҳои электронӣ (маълумот аз китоби муқаррарӣ, аммо дар формати рақамӣ) ва аудиокитобҳо (сабти матни асар, ки аз ҷониби шахс ё шабакаи нейронӣ садо медиҳад) зиёд шудаанд.
Аз рӯи анъана дар Рузи умумиҷаҳонии дӯстдорони китоб дар мағозаҳо ва нашриётҳои махсус намоишгоҳ, ярмарка, муаррифии китобҳо ва фурӯши китобҳо баргузор мегарданд. Дар китобхонаҳо ҷашни китоб, шабҳои назм, тақдимоти китобҳои нав, вохӯрӣ бо адибон ва барои бачаҳо барномаҳои маърифатӣ ташкил карда мешаванд.
ДАР КИТОБХОНӢ ХИТОЙ ДАР ҶОИ ЯКУМ АСТ
