Ҳар кас таълиму тарбияи нахустин ва аз ҳама асосиро дар оила мегирад. Агар падару модар шахсони оқилу доно ва хушфеълу хушгуфтор бошанд, ин ба фарзандонашон ҳам бетаъсир намемонад.
— Падарам вақти аз ҷанг баргаштан, 43‑сола будаанд, — ба гузаштаи ҳаёти худ назар андохта, мегӯяд Шукруллохон (Ҳодихон) Вализода. — Бо тақозои замон бо модарам, ки аз он кас хеле хурд будаанд, издивоҷ кардаанд. Аз волидайнам се писар — ман, Ҳомидхон ва Солеҳхон ба дунё омадаем. Он ду нафар аз ман хурд, хеле бардам ва хушқаду қомат будаанд, вале бо хости Худо дар 5–6‑солагӣ аз олам гузаштанд. Ҳарчанд, ки ман — писари калонӣ хеле ношуд ва назарногир будаам, умрам боқӣ будааст, зинда мондаам.
Падари Шукруллохон Вализода — Қорӣ Валихон Маҳдиев аз шахсони маъруфи гузари Ургутии шаҳри Самарқанд буд. Ӯ дар бобати илму маърифат, дину диёнат ва одаму одамгарӣ ҳамто надошт. Ин гуна хусусиятҳои ӯро ба назар гирифта, Абдураҳимбобо ном шахси илму маърифатдӯст, ҳавлие ёфта, Қорӣ Валихонро бо аҳли оилааш ба деҳаи Қумзор кӯчонида меорад, ки аз илму маърифаташ ҳамдеҳагонаш ҳам баҳраманд шаванд. Ӯ солҳои дароз дар гармхонаи хоҷагии ҷамоавӣ кор кардааст. Дар охирҳои умраш вазифаи имом-хатибии масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валиро ба ҷо овардааст.
Шукруллохон дар ҳамин маҳалла — Қумзори ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст.
— Шукри Худо, ки ҳарчанд ношуду ноӯҳдабаро будам, баъди ба мактаби рақами 60‑и зодгоҳамон рафтан ба хондан меҳр пайдо кардам, — суханашро давом дод Шукруллохон Ҳоҷибобо. — Дарсҳоро пухта аз худ намуда, сазовори таҳсину таърифи омӯзгорон мешудам. Мактаби мо, ки нопурраи миёна буд, барои идомаи таҳсил ба мактаби рақами 5‑и шаҳр рафтам. Дар ин мактаб бо сарварии Мамлакат Раҷабова муаллимони моҳиру пуртаҷриба кор мекарданд. Ман аз омӯзгорон Султон Иброҳимзодаи забону адабиётчӣ, Муҳаммадқул Бозорови муаллими фанни кимиё, Муинҷон Неъматови биолог, Ӯлмас Қодирови математик, Кира Скричкои муаллимаи забон ва адабиёти рус, ки ба забони тоҷикӣ хеле хуб ҳарф мезад ва дигарон таълиму тарбия гирифтам.
Баъди хатми мактаби миёна Шукруллохон Вализода ба шӯъбаи шабонаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд дохил шуд. Онро ба итмом расонид, вале аз сабаби нутқи даҳонӣ надоштан омӯзгорӣ кардан нахост. Ӯ, ки рӯзона ба таъмиру тармими ёдгориҳои меъмории шаҳр машғул буд, ҳамон корашро давом дод. Ба устои моҳир Шамсиддин Сайфиев шогирд истода, худ то ба дараҷаи устодӣ расид. Дар тӯли 26 сол бо мӯъҷизаи дастони вай ва шариконаш чандин гумбази манораҳо, пештоқи мадрасаҳо ва сақфу фарши ҳуҷраҳо таъмир гардида, бо нақшу нигорҳои нотакрори худ ба ҳусни шаҳрамон ҳусни тоза зам намудаанд, ки ҳоло сайёҳон онҳоро тамошо карда, ангушти ҳайрат мегазанд.
Азбаски меҳри эҷод аз ҷавонӣ дар дилаш маскан гузида буд, Шукруллохон Вализода ба нафақа баромада, қалам ба даст гирифт ва ҷиддан ба навиштан шурӯъ кард. Дар натиҷаи пайваста хондану омӯхтан доираи мавзӯи шеърҳояш фарох, образҳо ҷолибу рангин, ҳусни баён возеҳу равшан ва худи шеърҳояш равону хоно гардиданд.
Маҷмӯаи нахустини шеърҳои Шукруллохон Вализода «Бо дуои падар» соли 2012 чоп шуд. Вай, ки ҳамаи дороӣ ва бахти худро аз дуои волидонаш медонад, дар тавсифи волидон дар ин маҷмӯа шеърҳои бисёрро ҷой додааст. Ба қавли ӯ ҳар фарзанде, ки пайрави амалҳои неки падар гардад, ба мурод мерасад:
Фарзанд, ки шуд пайрави роҳи падар,
Омӯзад аз ӯ рози ҳама илму ҳунар.
Мо фахр намоем дар ин рӯз аз он,
Фарзанди асил бувад беҳтар зи гуҳар!
Аҳли илму эҷод, ба вижа шоиру олимон аз рӯзгори аввали дунё то имрӯз дар васфи падару модар бо тамоми забонҳои рӯйи олам ситоишҳои бениҳоят бисёр гуфтаанд. Ин байтҳо аз ҳамин рӯ, чун эҳсоси масъулияти фарзандӣ аз дили шоир берун таровидааст:
Ман на онам, ки наорам ёд номи модарам,
Аввалу охир набошад дар каломи модарам.
Дар намозу дар тиловат ман дуъояш мекунам,
Бо падар бошад баробар эҳтироми модарам.
Солҳои охир номи Шукруллохон Вализода ҳамчун эҷодкор зуд-зуд вирди забон мегардад. Ин марди камгапу нуронӣ бо хоксорию дурандешии худ ба атрофиён таассуроти хуб боқӣ мегузорад. Пас аз чопи маҷмӯаи нахустинаш, Шукруллохон Вализода вақти бештари худро ба эҷод мебахшад. Дар навиштани латифаю ҳикояҳо низ таҷрибааш зиёд мегардад.
Шеър барои ӯ воситаи баёни розҳо ва пойдевори тарбия гардидааст. Васфи Ватан, Падар, Модар, забони модарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ки беҳтарин муқаддасоти дунё ба шумор мераванд, дар эҷодиёти ӯ бештар ба чашм мерасанд ва мавқеи муҳим доранд.
Китоби дуввуми ӯ — «Пайрави падар» ҳам пурра ба васфи волидайн бахшида шудааст. Дар китобҳои дигари ӯ «Васфи дӯстон», «Ошёни меҳр», «Розу ниёзи дил», «Шашсаду шаш рубоӣ» ва ғайра идомаи доираи мавзӯъҳои дӯстдоштаи шоир маҳсуб меёбанд.
Шоир Шукруллохон Вализода бачаҳоро ҳам фаромӯш намекунад. Вай муаллифи шеърҳои зиёди бачагона буда, китобҳои «Хазинаи бебаҳо» ва «Рангинкамон»-аш маҳз барои онҳо навишта шудаанд.
Ҳофизон баъзе шеърҳои оддиву равон ва самимона навиштаи Шукруллохон Вализодаро ба оҳанг даровардаанд. Бо дархости шиносу ошноҳояш гоҳо ӯ ба эҷоди катибаҳои санги мазор ҳам рӯ меорад:
Модарам, ту хуфтаӣ дар зери хоки сарду нам,
Ман парешону ҳазинам, аз ғамат дорам алам.
Ман бигирям дар сари қабри ту чун абри баҳор,
Мисли ту ҳаргиз наёбам дар ҷаҳон чашминтизор…
Дирӯз ин марди оқилу фозил ба синни мубораки 75 қадам гузошт. Мо ба ин муносибат ва чопи маҷмӯаи нави ӯ — «Корвони умр» соҳибҷашнро табрику муборакбод намуда, ба Шукруллохон Вализода тани сиҳату хотири ҷамъ ва барори корҳои эҷодӣ таманно мекунем.
Бахтиёри ҶУМЪА.
