Дирӯз дар маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд бахшида ба 33-умин солгарди истиқлоли Ӯзбекистон таҳти шиори «Бо ваҳдат — мо халқи ягона, муттаҳид бошем — Ватан ҳастем!» чорабинии маънавӣ баргузор шуд.
Дар он аъзои сенати Олий Маҷлис Ф.Тошев, раиси шӯъбаи вилоятии Ҳизби Халқи демократикии Ӯзбекистон Б.Насриев, раиси бахши вилояти Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон А.Ҳайдаров, роҳбари шӯъбаи хазинаи «Нуронӣ»-и шаҳри Самарқанд Х. Нуруллоев, роҳбари шӯъбаи вилоятии Қабулхонаи халқ М.Турдиев, намояндагони ҷамоатчигӣ ва махалла иштирок карданд.
Дар чорабинӣ раиси маҳалла, журналисти собиқадор Т.Раҳматуллоев оид ба тарзи зиндагии сокинон, сифати хизматрасонии коммуналӣ ба онҳо, корҳо роҷеъ ба ташкили китобхона, майдончаҳои фароғатӣ барои сокинони маҳалла ва ғайра сухан гуфт.
Дар бораи таваҷҷӯҳ ба оилаҳои ниёзманди аҳолӣ, кумак ба зан-духтарон ва ҷавононе, ки ба феҳристҳои иҷтимоӣ дохил карда шудаанд, ҳарф заданд.
Дар чорабинӣ ба китобхонаи маҳалла китобҳо тақдим карда шуд.
