Бар асари обхезӣ, ки бар асари тӯфони «Яги» дар Мянмар рӯй дод, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Шӯрои давлатии маъмурии ҷумҳурӣ Зо Мин Тун хабар дод.
“Дар пайи обхезӣ дар саросари мамлакат 113 нафар ҳалок гардида, 64 нафар бедарак ва 14 нафар маҷрӯҳ шуданд”, гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мақомоти Мянмар, бар асари обхезӣ дар маҳалҳои аҳолинишин беш аз 320 ҳазор нафар эвакуатсия шудаанд. Хадамоти наҷотдиҳӣ ҷустуҷӯи афроди бедаракшударо идома медиҳад, хабар медиҳад report.az.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки 74 нафар қурбони обхезӣ дар Мянмар шудаанд.
Обхезӣ дар Мянмар боиси ҳалокати 113 нафар гардид
