Дар барномаи интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон 15 қадами муҳим муайян шудааст.
Имрӯзҳо дар миқёси ҷаҳонӣ як тамоюл ташаккул меёбад. Сиёсати иҷтимоӣ барои рушд ва идораи ҳар як давлат, таъбир ҷоиз бошад, ба сутуни он табдил меёбад. Дарҳақиқат, барои ба роҳ мондани баробарӣ байни одамони гуногуни ҷамъият ва гурӯҳҳо, дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва мувозинати иҷтимоӣ ҷойи он беқиёс аст.
Ғоя ва ташаббусҳое, ки дар барномаҳои интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон ба миён гузошта шудаанд, ки барпо намудани давлати адолати иҷтимоиро мақсади олии худ медонад, ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст.
Дар барномаи интихоботии мо ба вазифаҳое, ки ба мавқеи «чап»-и ҳизб дар соҳаи сиёсӣ хосанд ва мувофиқи он ғояҳои сотсиал-демократиро ифода мекунанд, аҳамияти махсус дода шудааст. Яъне дар барномаамон барои мо аҳамияти калон доштани иштироки фаъолонаи давлат дар иқтисодиёт, тақсимоти баробари неъматҳои иҷтимоӣ ва устувории мулки умумӣ дар истеҳсолот муайян карда шудааст.
Тавассути ин мо бори дигар содиқ будани худро ба мавқеи худ нишон медиҳем, ки мо бояд сиёсати пурзӯри иҷтимоиро пеш барем, то манфиатҳои давлатиро пурра таъмин намоем.
Ҳизби Халқии Демократӣ мақсадҳои барномавии худро аввало дар асоси бо ба рӯёб баровардани ҳимояи иҷтимоӣ, баробарии иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоӣ ба устувории манфиатҳои умумимиллӣ чун самаранок амалӣ кардани тамоюли «Ӯзбекистон — давлати иҷтимоӣ» ва маҷбуриятҳои дахлдори иҷтимоии давлат муайян менамояд.
Дар барномаи пешазинтихоботии имсолаамон дар 10‑то самт мақсадҳои устувори аз 15 қадами стратегӣ иборат ҷой гирифтааст.
Самти аввалин. Мо барои амалӣ кардани сиёсати иҷтимоии пурқувват, ки асоси барқарории иҷтимоӣ мебошад, кӯшиш менамоем!
Дар ин самт сиёсати муассиреро барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагии ҳамагон дар асоси тамоюлҳои баробарии иҷтимоӣ ва адолат, коҳиш додани фарқиятҳои иҷтимоӣ, кӯмак ба ниёзмандон, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва манбаи кафолатноки даромад, мақсад кардаем. Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки давлат бояд барои пурра таъмин намудани манфиатҳои аҳолӣ сиёсати пурқуввати иҷтимоӣ ба роҳ монад.
Ташаббусҳо дар ин самт дар 3 қадами стратегӣ ифода ёфтаанд.
Қадами якум. Таъмини одилона ва самараноки амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои иҷтимоии ҳар як шахс, ки Конститутсия кафолат додааст.
Пеш аз ҳама, ба фраксияи мо дар парлумон зарур аст, ки бо роҳи пурра намудани қонунгузории соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо меъёрҳои нав Кодекси иҷтимоӣ қабул намояд.
Давлат бояд барои шаҳрвандони худ ғамхорӣ кунад. Бо ин мақсад ғайр аз шаҳрвандони имтиёздор, нафароне ки дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарор доранд ва навъҳои ёрӣ ба онҳоро дар қонунҳо аниқ муайян кардан лозим аст. Вақте, ки шаҳрванд ғамхӯрии давлатро нисбати худ дарк мекунад, аз давлат розӣ мешавад ва агар даркор бошад, омодаи фидокорӣ мешавад. Ин эътимоди байни давлат ва шаҳрвандонро мустаҳкам месозад.
Инчунин, дар марҳилаи аввал қабули Қонун «Дар бораи тартиби муайян кардани хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ» бо мақсади муайян намудани ҳадди ақалли хароҷоти истеъмолӣ барои эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи ҳаёти ҳар як шахс дар сатҳи ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Дар марҳилаи дуюм масъалаи таъмини талабу эҳтиёҷот, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ногироидошта дохил карда шудааст.
Барои ин, мо ба пурра мувофиқат кардани қонунгузории миллӣ бо Қоидаҳои стандартии СММ дар бораи таъмин намудани имкониятҳои баробар барои ногироён муяссар гардиданием.
Аз ҷумла, таҳияи стандартҳои миллии дастрасии объект ва хизматрасонӣ барои шахсони маъюб ва таҳкими онҳо дар сатҳи ҳуқуқӣ ҳамчун қисми алоҳидаи Қонун «Дар бораи ҳуқуқи шахсони ногироидошта» муайян карда шудааст. Илова бар ин, дар вокзалҳои роҳи оҳанин, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳо барои одамони нобино гузоштани дастгоҳҳои электронии шунавоии ахбор, инчунин насб кардани дастгоҳҳои электронии садоӣ, ки дар чароғҳои светофор ва хатҳои махсус огоҳӣ медиҳанд, пешбинӣ шудааст.
Дар қадами сеюм такмил додани системаи таъминоти давлатии нафақа дар назар аст.
Дар ин самт як қатор ташаббусҳое, ки ба зарурати ҳаётан муҳим табдил меёбанд, ҷой гирифтааст. Дар ин мо собиқаи кории бонувонро барои гирифтани нафақа бо роҳи то 3‑сола гардидани кӯдак пурра ҳисоб шудани вақти таътили нигоҳубини он зарур меҳисобем.
Дар сурати вафоти зан ё шавҳар ва дар сурати нафақаи зиёдтар гирифтани шахси марҳум тартиби ба ҳамсари зиндамондаи ӯ гузарондани ин нафақа (иваз кардани нафақа) пешбинӣ карда мешавад.
Мо идора намудани маблағҳои нафақавии ҷамъшудаи шаҳрвандон, онҳоро доимӣ ба таври онлайн назорат кардан ва бо роҳи ба депозит гузоштан ба бонк зиёд кардан маблағҳоро зарур меҳисобем. Мо тарафдори системаи идоракунии маблағи ҷамъшуда ва дар он бевосита иштирок намудани нафақахӯр ҳастем.
Дар самти дуюм ташаббусҳои вобаста ба таъмин намудани аҳолӣ бо хонаву ҷойҳои арзон ва хизматҳои сифатноки коммуналӣ ҷой гирифтааст.
Дар ин маврид ҲХД таъмини ҳуқуқи аз рӯи Конститутсия кафолатгардидаи бо хонаву ҷой таъмин гардидани шаҳрвандон, бо ин мақсад сохтмони манзили арзонро вусъат додан кӯшиш мекунад.
Ташаббусҳо дар ин самт дар ду марҳила баён шудаанд. Аз ҷумла, дар марҳилаи чорум таъмини аҳолӣ бо манзили арзон ва роҳандозии назорати самаранок дар соҳаи сохтмон пешбинӣ шудааст.
Мо мақсад дорем, ки Қонун «Дар бораи манзилҳои иҷтимоӣ»-ро қабул кунем. Дар он ба ивази маблағҳои ҳатмӣ аз даромади ташкилотҳои бинокорӣ ва бонкҳои тиҷоратие, ки манзилҳои боҳашамат месозанд, бунёдҳои махсус ташкил намуда, барои занони бе хонаву ҷой, дорои шароити вазнини зиндагӣ, ногироидошта ё аъзои оилаҳои маъюб сохтани манзилҳои иҷтимоиро пешбинӣ менамояд.
Барои ин, мо системаи пардохти escrow-ро ҷорӣ карданро мақсад намудаем. Дар баробари ин бо мақсади кафолати ҳифзи маблағҳои шаҳрвандон Қонуни «Дар бораи иштирок дар сохтмони хонаву ҷой аз ҳисоби саҳмияҳо» қабул кардан зарур мешавад.
Дар қадами панҷум ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии босифати коммуналӣ ба аҳолӣ, ки идомаи мантиқии ташаббусҳои зикршуда мебошад, таъкид шудааст.
Босифат ва саривақтӣ ба ҷо овардани хизмати коммуналӣ тарзи зиндагонии аҳолиро осон мекунад. Мо бо мақсади ба тартиб андохтани нарху тарифҳои хизматрасонии истифодаи хизматҳои коммуналӣ ва бунёди хонаву ҷой Қонун «Дар бораи нархи хизматҳои коммуналӣ ва танзими тарифҳо» қабул карданро ба нақша гирифтаем.
Бо ин қонун барои мо механизмҳои субсидия ё имтиёзҳо барои шаҳрвандони тоифаи камбизоат ва ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ доштаро фароҳам овардан муҳим аст.
Ғайр аз ин, ташаббусҳое чун роҳандозӣ кардани сохтори пардохтани ҷуброн (компенсатсия) ба шаҳрванд аз тарафи таъминотчӣ ҳангоми беасос ё ки бо айби таъминотчӣ нарасондани хизматҳои коммуналӣ ҷой гирифтааст.
Мо тарафдори комилан манъ кардани рекламаи воситаҳои доруворӣ ҳастем!
Қадами нӯҳуми барномаи мо ба дастгирӣ ва оммавигардонии варзиш ва фарҳанг нигаронида шудааст.
Ҳизби мо ҷалби оммавии аҳолиро ба варзиш қисми муҳими системаи тандурустӣ мешуморад. Аммо на ҳама дар ҷомеа варзишгари касбӣ шуда метавонад. Барои дар вақти дилхоҳ ба варзиш шуғл варзидани соҳиби ҳар як касб бояд шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин роҳ оммавигардонии сохтори workout аҳамияти муҳим дорад. Ба ин восита мо метавонем барои бо варзиш ба таври ройгон шуғл варзидани аҳолӣ имконият фароҳам оварем.
Самти панҷуми барномаи пешазинтихоботӣ ба таълими босифат гирифтани ҷавонон нигаронида шудааст.
Бояд гуфт, ки таълими босифат гирифтани ҷавонон, кафолати фузунгардонии салоҳияти интеллектуалии мамлакат мебошад.
Мо дар қадами даҳум, мехоҳем барои дар тамоми муассисаҳои таълимӣ таълими босифати томактабӣ, миёна, олӣ, инчунин, таълими касбӣ гирифтан, баҳри такмили ихтисоси шаҳрвандон имкониятҳои баробар фароҳам оварем.
Дар навбати аввал, мехоҳем фарзандони оилаҳоеро, ки дар рӯйхати «Реестри ягонаи иҷтимоӣ» сабти ном шудаанд, аз пардохти ташкилоти таълими томактабӣ озод намоем.
Мо ҷонибдори пурзӯр намудани назорати ҷамоатӣ аз болои системаи хӯрокдиҳӣ дар мактабҳо, пешгирии фурӯши маҳсулоти зараровари хӯрокворӣ, аз 20 нафар зиёд накардани теъдоди донишомӯзон дар синфҳои ибтидоӣ ва дар синфҳои болоӣ бошад, роҳандозии системаи таълими то ба 24 хонанда ҳастем.
Мо дар барномаҳои таълимии мактабҳо бамаротиб зиёд кардани соатҳои забонҳои хориҷӣ ва бозомӯзии технологияҳои иттилоотиро талаби замон меҳисобем.
Зиёд гардидани соатҳои таълимии технологияҳои иттилоотӣ дар мактабҳо барои хубтар мутобиқ гардидани донишомӯзон бо дунёи рақамӣ, аз худ кардани барномасозӣ, идораи маълумотҳо, бехатарии киберӣ ва дигар соҳаҳои муҳим ёрӣ мерасонад.
Самти шашуми барномаи мо «Иқтисодиёти бозорӣ аз рӯйи самти иҷтимоӣ — асоси сиёсати пурзӯри иҷтимоӣ» унвон дорад. Дар қадами даҳуми он пешниҳодҳо аз рӯйи нигоҳ доштани нақши фаъол ва иштироки давлат дар иқтисодиёт, ихтисори камбизоатӣ, такмилдиҳии қонунгузории андоз, инчунин, ривоҷдиҳии соҳаи бонку кредит ҷой гирифтааст.
Дар барномаи мо тамоми маблағҳои дар натиҷаи хидматрасонии давлатии вазорат ва идораҳо ё ҷаримаи бадастомадаро пурра ба Буҷети давлат равона кардан пешбинӣ шудааст.
Маълум аст, ки вазорат ва идораҳо аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешаванд. Пас, даромадҳои молиявие, ки бо фаъолияти онҳо вобастаанд, бояд пурра ба буҷети давлат равона карда шаванд.
Самти ҳафтуми барномаи мо «Таъмини нархҳои мақбули иҷтимоии маҳсулот ва хидматҳо — самти устувори сиёсати устувори манзилнок» номгузорӣ шудааст. Ҳизби мо чунин меҳисобад, ки аз болои ташаккули нархҳои маҳсулот ва хидматҳои молики аҳамияти иҷтимоӣ назорати давлатӣ ва ҷамоатии қатъӣ роҳандозӣ шавад.
Бахусус, рушди устувори иҷтимоии минтақавӣ, якҷоя бо ҳамкорони байналмиллалӣ дар соҳаҳои энергетикаи муқобил ва тиббиёти муосир татбиқи барномаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳоро мақсад кардааст.
Ҳар як интихобкунандае, ки бо барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократии халқӣ шинос мешавад, комилан амин мегардад, ки дар он манфиатҳои намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ ифодаи худро ёфтааст, ғоя ва ташаббусҳо ба маънои воқеӣ аз санҷиши вақт гузаштаву асосҳои амиқ доранд ва мақсади асосии ҳизб таъмини фаровонии рӯзгори мардум мебошад.
Аз Ҳизби демократии халқӣ ҷонибдорӣ кунед ва ба номзадҳои он барои депутатӣ овоз диҳед.
БАРНОМАЕ, КИ БАРОИ ФАРОВОНӢ ХИДМАТ МЕКУНАД
