Ovozi.uz

Ҳайати вакилони Хитой бо сардории Чен Вэнсин дар Самарқанд

Ҳайати вакилон бо сарварии узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби Комиссияи сиёсӣ-ҳуқуқӣ Чен Вэнсин ба Самарқанд ташриф овард. Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.Маҳмудов ва ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов пешвоз гирифтанд. 

Нахуст меҳмонон дар расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек роҷеъ ба саҳми олими бузург дар инкишофи илми астрономия, корҳои бунёдкории ӯ ҳамчун ҳукмрон маълумот гирифтанд.

Зимни боздид аз осорхонаи «Афросиёб», мақбараи Амир Темур ва маҷмааи Регистон ба ҳайати Чин дар бораи таърихи давлатдории халқи мо, ёдгориҳои таърихии бунёдкардаи аҷдодони мо ва корҳое, ки дар самти ҳифзи онҳо анҷом дода мешаванд, қисса карда шуд.

Дар рафти ташриф ба Самарқанд аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби Комиссияи сиёсӣ-ҳуқуқӣ Чен Вэнсин бо ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов вохӯрд.

Дар вохӯрӣ зарурати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Чин, ки солҳои охир дар тамоми соҳаҳо ривоҷ ёфта истодаанд, ва густариши доираи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.