Ovozi.uz

ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ ВА САЙЁҲӢ — КАФОЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ

Яке аз мақсадҳои асосии боз ҳам баланд бардоштани иқтидори иқтисодии Ӯзбекистон таъмини рушди устувор ва дарозмуддати иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Ноил гардидан ба мақсадҳое, ки ба рушди иқтисодиёти миллӣ нигаронида шудаанд, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани рушди мамлакат, некуаҳволии иҷтимоӣ ва минбаъд афзудани нуфузи иқтисодии байналмилалӣ имкон фароҳам оварда, шарти асосии таъмини барқарории иқтисодӣ маҳсуб мешавад.
Иқтисодиёти устувор сатҳи таваррум (беқурбшавии пул) ва бекориро кам карда, барои афзудани даромад ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум хидмат мекунад. Бар асоси ин, Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» дар барномаи худ рушди иқтисоди миллӣ ва сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян намуда, дар ин замина пешниҳоду ташаббусҳои муҳимро ба миён мегузорад.
Равишҳои ҳизб оид ба ин соҳа ба мавқеи «дуруст»-и он дар доираи сиёсӣ ва нигоҳҳои консервативии он ҳамоҳанг аст.
Стратегияи рушди иқтисодиёти миллӣ
Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ ба сифати яке аз мақсадҳои муҳимтарин менигарад.
Зеро, рушди босамар ва босуръати иқтисод барои афзудани ҳаҷми маҳсулоти дохилии умумии мамлакат ва дар ин замина зиёд гардидани даромадҳо бар ҳар сари аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар ин самт ҳизб ташаббусҳои зеринро ба миён мегузорад:
— ҷорӣ намудани барномаҳои дастгирии фермерон, аз ҷумла, истеҳсолкунандагони маҳаллии хӯрокворӣ бо мақсади таъмини барқарории нархҳои маҳсулоти муҳимтарини истеъмолӣ дар бозорҳо;
— фароҳам овардани имкониятҳои мусоид дар тартибу тамоюлҳои гумрук, васеъ намудани намудҳои хидматрасониҳои масофавӣ (онлайн)-и гумрукӣ барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ бобати зуд, саривақтӣ ва бо нархи арзон содирот намудани маҳсулоти худ ба бозори хориҷӣ.
Татбиқи ин пешниҳод ва ташаббусҳо барои рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми босазо мегузорад.
Аз ҷумла, ҳамасола тағйир ёфтани нархҳои мева ва маҳсулоти полизӣ, хӯрокворӣ пешгирӣ шуда, нархҳои устувори бозорӣ ташаккул меёбанд, ки барои деҳқонону истеъмолкунандагон пешгӯӣ кардан мумкин аст.
Барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ барои озодона ба бозорҳои хориҷӣ содирот намудани маҳсулот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Пурзӯрсозии кафолати татбиқи ҳуқуқ оид ба амволи хусусӣ, бозори озод ва муносибатҳои рақобати ҳалол дар маркази диққати ҳизб қарор мегирад.
Дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт дастгирии соҳибкорӣ аҳамияти муҳим касб мекунад. Рушди фаъолияти соҳибкорӣ бошад, бо таъмини дахлнопазирии моликияти хусусӣ бевосита вобаста мебошад.
Аз ин ҷиҳат, Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» дар барномаи худ ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ташаббусҳоро бобати рушди иқтисоди бозорӣ дар асоси арзишҳо, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини бечунучарои муносибатҳои озоду одилона ба миён мегузорад.
Аммо дар барномаҳои пешазинтихоботии баъзе ҳизбҳо пешниҳодҳое ба миён гузошта мешаванд, ки боиси поймол шудани арзиши барои мо муҳим, яъне вайрон гардидани дахолатнопазирии ҳуқуқи моликияти хусусӣ мешаванд ва ин тааҷҷубовар аст.
Масалан, пешниҳоди Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон дар барномаи пешазинтихоботии худ дар бораи маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти шахсӣ вобаста ба тоқ ва ҷуфт будани рақами давлатӣ дар асоси тақсимот байни рӯзҳои ҳафта, далели ин андешаи мост.
Ин пеш аз ҳама ба ҳуқуқҳои моликияти шаҳрвандон, ки ба истифодаи озоди нақлиёти шахсӣ вобастаанд, дахл дорад.
Аз ин сабаб, пешниҳоди Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» дар мавриди пурзӯрсозии кафолатҳои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ва соҳибкорон оид ба моликияти хусусӣ, бо тафовут аз барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои дигар, бо бархӯрди сохтории худ фарқ мекунад ва маънои онро дорад, ки дар сиёсати иқтисодии давлат бояд устувории доимӣ дошта бошад.
Пешгирии беасос зиёд гардидани хароҷоти ба истеҳсолот равонанашуда ва нархҳои маҳсулоти истеъмолӣ, афзунсозии арзиши асъори миллӣ яке аз вазифаҳои устувор хоҳад шуд.
Албатта, кам кардани ин намуди хароҷоти истеҳсолкунандагон, назорати нархҳои маҳсулоти истеъмолии аҳолӣ барои ҳизб ҳамеша аз вазифаҳои муҳимми тартиби рӯз ба ҳисоб меравад.
Чунки сатҳи зиндагонии рӯзмарраи аҳолӣ, бевосита ба мувофиқати нархҳои маҳсулоти истеъмолӣ, мутаносибии хароҷот ва даромадҳо, инчунин, самаранокии сиёсати пулу кредит вобаста аст.
Бо дарки дурусти ин зарурат ва воқеияти ҳаётан муҳим, ҳизб дар ҳуҷҷати стратегии худ ташаббусҳои зеринро пешбарӣ мекунад:
• пешгирии афзоиши беасоси хароҷоти ба истеҳсолот равонанашуда;
• пурзӯрсозии назорати нархи маҳсулоти истеъмолӣ ва маҳдуд кардани афзоиши беасоси нарх;
• баланд бардоштани арзиши асъори миллӣ.
Бояд гуфт, ки аз ҳад зиёд боло рафтани хароҷоте, ки бо истеҳсолот вобаста нестанд, боиси бемақсад сарф гардидани маблағҳо, бад шудани вазъияти молиявии корхонаҳо мегардад.
Ин бошад, дар навбати худ боиси кам шудани ҳаҷми истеҳсолот, баланд шудани арзиши аслӣ ва нархи маҳсулот мешавад. Аз ин рӯ, роҳандозии назорати қатъӣ аз болои хароҷоти ба истеҳсолот равонанашуда, ҷорӣ намудани механизмҳои мақбули онҳо аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳизб ба содагардонии сохтори андозбандӣ ба сифати вазифаи муҳим менигарад!
Бояд гуфт, ки ҳизб ислоҳотро бобати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва муҳити тиҷорат дар мамлакатамон дастгирӣ мекунад.
Ҳамзамон, вазифаҳои устуворе, ки бо мақсади бо ғояву ташаббусҳои нав ғанӣ гардонидани ин ислоҳот пешниҳод мегарданд, ба таъмини зиндагии фаровони мардум тавассути рушди иқтисодиёти мамлакат хидмат хоҳанд кард.
Дар ин самт, бахусус, ташаббуси созанда ва пешқадамонаи ҳизб бобати содагардонии низоми андозбандӣ шоёни эътироф буда, ин барои барқарории иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи фазои соҳибкорӣ имкон медиҳад.
Лекин ташаббусҳои Ҳизби экологии Ӯзбекистонро, ки бевосита ба масъалаҳои андоз вобастаанд, аз қабили андози иловагии экологӣ аз маҳсулоти тамоку, андози экологӣ аз ташкилотҳое, ки ба фаъолиятҳои хатарнок машғуланд, андози карбон, роҳандозии андозҳои тафриқашуда вобаста ба ҳаҷми зарари ба табиат расонидашуда, инчунин зиёд кардани андози ташкилотҳое, ки ба муҳити зист зарари калон мерасонанд, ҳаётӣ гуфта намешавад.
Зиёд шудани андоз метавонад сарбории корхонаҳоро зиёд кунад ва ба фазои сармоягузорӣ таъсири манфӣ расонад.
Ба ибораи дигар, устувории иқтисодии корхонаҳо боиси кам шудани теъдоди ҷойи корӣ мегардад, ки ин дар ниҳояти кор ба иқтисодиёти миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин самт тамоюли мо, ҷорӣ намудани стандартҳои экологӣ аз тариқи рағбатноксозӣ аст, на аз тариқи таҳримҳо ё андозҳо.
Стратегияи рушди сайёҳӣ
Масъалаи рушди сайёҳӣ низ яке аз ташаббусҳои асосии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» буда, он бевосита ба мақсадҳои ҳизб, аз қабили ҳифзи объектҳои мероси фарҳангии миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва тарғиби васеи фарҳанги миллӣ мувофиқат мекунад.
Бахусус, ташаббусҳои ба ҳаракати умумимиллӣ табдил додани соҳаи сайёҳӣ, роҳандозии сиёсати «дарҳои кушод», васеъсозии сохтори воридшавӣ бидуни раводид, аз ташаббусҳое ба шумор мераванд, ки саривақтӣ пешбарӣ мегарданд.
Ғайр аз ин, ба ташаббусҳои ҳизб бобати таъсиси фаъолияти Шӯрои коллегиалӣ-­машваратии «Ассамблеяи сайёҳӣ», таҳияи стратегияи рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ то соли 2030, рекламаи маҳсулоти туристии миллӣ — стратегияи таргетинг ва истифодаи имкониятҳои иҷтимоӣ-­медиавӣ дар таблиғ баҳои мусбат додан мумкин аст. Ин ғояҳо имконият медиҳанд, ки дар мамлакат тавассути истифодаи самараноктар аз имкониятҳои мавҷуда, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам иқтисодӣ боз ҳам пеш равем.
Бо як сухан, пайваста амалӣ намудани ғоя ва ташаббусҳои дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб муқарраргардида рақобатпазирии иқтисодиёти миллиро афзун сохта, барои рушди Ватан ва некӯаҳволии мардум, инчунин, баҳри ноил шудан ба мақсади асосии стратегӣ — то соли 2030 дар қатори давлатҳои даромадаш ба ҳар сари аҳолӣ аз миёна боло қарор гирифтани Ӯзбекистон хидмат мекунад.

Назира МУХТОРОВА,
аъзои Сенати Олий Маҷлис,
Фарҳод ЗАЙНИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.