Ovozi.uz

Ба сӯи имкониятҳои баробар ва ҷамъияти одилона!

III. ТАЪМИН НАМУДАНИ ТАРАҚҚИЁТИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ
Ҳизб рушди барқарори иқтисодиёти мамлакатро яке аз вазифаҳои муҳимтарин мешуморад. Вазифаи устувори мо — таҳияи механизмҳои ҳуқуқие мебошад, ки тақсимоти одилонаи даромади дар натиҷаи фаъолияти иқтисодии давлат бадастомадаро таъмин менамояд.
Мо чунин мешуморем, ки барои таъмини тараққиёти мӯътадили иқтисодиёти мамлакатамон тадбирҳои зеринро ба амал баровардан зарур аст:
— гузарондани сиёсати баробарсозии даромади аҳолӣ бо роҳи андозҳо ва дигар воситаҳои азнавтақсимкунӣ;
— аз рӯи тамоюли «касе ки бештар даромад мегирад, бештар андоз месупорад», инчунин бо мақсади татбиқи сиёсати одилона ва самарабахши андоз ва буҷет, ба ҳаёт ҷорӣ намудани ставкаҳои прогрессивии андозгузорӣ ва ба ин васила паст шудани нобаробарии даромадҳо;
— муқаррар намудани имтиёзҳои андоз барои бо кор таъмин намудани шахсони ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дохилшуда;
— бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, пешгирии пинҳонсозии даромад аз ҷониби андозсупорандагон ва зиёд намудани савдои ғайринақдӣ, қатъиян муайян намудани андозаи муҷозоти молиявии (ҷаримаҳои) нисбати онҳо татбиқшаванда ва аз байн бурдани вобастагии ҷарима аз даромади онҳо;
— ҷорӣ намудани ҳамаи қоидаҳое, ки танҳо тавассути қонунҳо ба зиммаи соҳибкорон ӯҳдадорӣ мегузоранд;
— такмили имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз, таъмини додани имтиёзҳо ба бахшҳои мушаххас, на ба шахсони воқеӣ;
— ҷорӣ намудани тартиби пардохти андози амвол ва замин аз рӯи меъёрҳои афзуда мутаносибан ба шаҳрвандоне, ки зиёда аз якто хона доранд;
— бо мақсади кафолати ҳуқуқи мулкии соҳибкорон ва шаҳрвандон, ҷорӣ намудани «Презумпсияи ҳуқуқи моликият», дар қонунгузорӣ муқаррар намудани он, ки аз молики поквиҷдоне, ки то исбот гардидани соҳибмулк будани соҳиби амвол, ба ҳуҷҷати мақомоти давлатии ба мулк соҳибикунанда бовар карда, амал намудааст, бозпас гирифтани мулк манъ карда шавад;
— баланд бардоштани масъулияти муассисаҳои бонкӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои расонидани зарари моддӣ ба шаҳрвандон дар натиҷаи ҳамлаҳои киберӣ;
— масъулияти идораҳоеро, ки ба кирдорҳои ба истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ва ба таври сунъӣ баландшавии нарх нигаронида шудаанд, зиёд карда, дар ин бобат назорати ҷамъиятӣ пурзӯр карда шавад;
— бо назардошти аҳаммияти минтақаҳои саноатии хурд ва кластерҳои саноатӣ дар афзоиши иқтидори саноатии кишвар ва рушди мунтазами минтақаҳо, қабул намудани қонун «Дар бораи минтақаҳои хурди саноатӣ».
Бо мақсади аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳонӣ мо барои боз ҳам такмил додани фаъолияти нозироти давлатӣ, ки вазифаҳои назоратро дар соҳа иҷро мекунанд, инчунин ташаккули донишу малакаи аҳолӣ оид ба иқтисодиёти рақамӣ чораҳо меандешем.
Мо боварӣ дорем, ки рушди интенсивии инноватсионии кишоварзӣ, ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси илмӣ, таъмини ҳамоҳангии мутақобилаи фану амалия дар татбиқи иқтидори бузурги Ӯзбекистон дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти камбизоатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар ояндаи наздик натиҷаҳои мусбӣ ҳоҳад дод. Барои ин:
— квотаҳои қабул ба касбу ихтисосҳои кишоварзӣ дар низоми таҳсилоти олӣ дар асоси фармоиши давлатӣ зиёд карда шавад;
— васеъ ҷорӣ намудани агротехнологияҳои муосир, омӯзонидани кишоварзон ба агротехнологияҳои нав;
— таҳияи механизмҳои нави суғуртаи аграрӣ аз ҳисоби афзоиши хатарҳо, аз қабили бесарусомонии табиат, камобӣ, шӯршавии замин дар соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, такмили заминаи ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла қабули қонун «Дар бораи суғуртаи таваккалкории кишоварзӣ»;
— бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштии арзон ва таъмини устувории нарх барои инкишофи самтҳои ғайрианъанавии истеҳсоли гӯшт, аз ҷумла, соҳаҳои паррандапарварӣ, заргӯшпарварӣ, моҳидорӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда шавад;
— мо таклиф менамоем, ки хизмати «Ёрии зудамали ветеринарӣ» ҷорӣ карда, соҳа бо роҳи васеъ ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ дар соҳаи ветеринария боз ҳам тараққӣ дода, диққат ба тарбияи кадрҳои ҳозиразамони зоотехникӣ зиёд карда шавад.
Ҳизби мо идеяи истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия ва технологияҳои сарфакунандаи ресурсро солҳои зиёд пеш мебарад. Мо чунин мешуморем, ки ҷиҳати ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои нави каммасраф дар иқтисодиёт, рушди манбаъҳои алтернативии энергия ва ноил шудан ба самаранокии энергия тадбирҳои зеринро амалӣ кардан зарур аст:
— дар 5 соли наздик ноил шудан ба он, ки камаш 30 дарсади иқтидорҳои мавҷудаи энергетикиро манбаи алтернативии энергия ташкил намояд, дар саноати миллии автомобилӣ дар асоси технологияҳои пешрафтаи ҷаҳон истеҳсоли автомашинаҳои сабукрави дорои двигателҳои электрикӣ, автобус ва мошинҳои боркаш аз худ карда шавад, то соли 2030 на камтар аз 30 дарсади воситаҳои нақлиёти дорои муҳаррикҳои дарунсӯз бо воситаҳои нақлиёти тозаи экологӣ иваз карда шаванд;
— қабули стандартҳои бинокории каммасраф, рафъи монеаҳо дар самти баланд бардоштани самаранокии энергия, мусоидат ба ҷорӣ намудани системаҳои гармидиҳии самараноки хона, ки ба кам кардани сарбории энергия дар оилаҳо мусоидат мекунанд;
— дастгирии насби панелҳои офтобӣ дар асоси кӯмакҳои давлатӣ ба хонаводаҳои камбизоат;
— бо мақсади сарфа намудани қувваи электр системаи равшан кардани роҳҳои автомобилгардро бо ёрии батареяҳои офтобӣ ба роҳ монда шавад;
— тартиб додани барномаи алоҳидаи сарфаи энергия дар биноҳои серошёна, мувофиқи он биноҳои бисёрошёна вобаста ба ҷойгиршавӣ ба системаи мутамарказ, локалӣ ё индивидуалии гармидиҳӣ, баъзе дегхонаҳо ба технологияи когенератсия гузаронида шаванд.
Мо чунин мешуморем, ки барои боз ҳам такмил додани иқтисодиёт роҳҳои мамлакатамон, ки рагҳои хунгарди он мебошанд, соҳаи нақлиёт ва логистикаро боз ҳам тараққӣ додан зарур аст. Дар ин бора мо таклиф менамоем, ки роҳҳои навбунёд ва реконструксияшаванда тадриҷан ба рӯйпӯши сементу бетонӣ, ки ба таъсири калони механикӣ тобовар буда, мӯҳлати дароз хизмат карда тавонанд, гузаронда шаванд.
IV. СИЁСАТИ ПУРЗӮРИ ИҶТИМОӢ — КАФОЛАТИ НЕКӮАҲВОЛИИ ХАЛҚ
Мавқеи қатъии ҳизб — дар ҷамъият тамоюли адолати иҷтимоӣ ҷорӣ карда шавад. Мо боварӣ дорем, ки зиндагии бароҳат барои ҳама, аз ҷумла, таҳсилоти босифат, шароити арзандаи меҳнат ва музди одилона, нафақа ва кӯмакпулӣ, низоми кӯмаки иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ фароҳам оварда шудааст, шароити манзилӣ вуҷуд дорад, тафовути иҷтимоӣ коҳиш ёфта, мутавозин шудааст, қонун устувор гардидааст, мо тарафдори мамлакати барои шаҳрвандони худ адолати иҷтимоиро таъминнамуда, сиёсати одилонаи давлатии иҷтимоӣ мебошем.
Бо ин мақсад, мо дар ин самт барномаи «Давлати иҷтимоӣ — 2030»-ро оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ пеш мебарем. Вобаста ба ин, мо чунин мешуморем, ки барои пешгирии табақабандии шадид дар байни аҳолӣ чораҳои ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар тадбирҳо андешида шаванд.
Муҳимтарин самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба манзил мебошад.
Мо тарафдори такмил додани низоми ҳавасмандгардонии шаҳрвандоне ҳастем, ки барои сохтан ва харидани манзил дар маҳаллаи интихобкардаашон воқеан ба субсидия эҳтиёҷ доранд ва соҳибкороне, ки дар асоси субсидия хона мефурӯшанд, дастгирӣ карда шаванд.
Мо тарафдори онем, ки то замоне, ки қонун дар бораи реноватсия, талаби қатъии иҷрои он ва тартиботи кафолати риояи ҳуқуқи соҳибони хона ба вуҷуд наояд, чунин лоиҳаҳо амалӣ нашаванд.
Мо тарафдори нигоҳ доштани объектҳои иҷтимоӣ мебошем. Аз ҷумла, пешниҳод менамоем, ки фурӯш, хусусигардонӣ ё бегона кардани боғчаҳо, истироҳатгоҳҳои кӯдакона, сайлгоҳҳо, муассисаҳои таълимию тиббии давлатӣ ва ҳудуди онҳо манъ карда, барои чунин амалҳо ҷавобгарӣ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, мо ба тартиби назорати ҷамъиятӣ ҷорӣ намудани асосҳои қонунӣ ва тартиби нави омӯзиши объектҳои соҳаи ичтимоиро муҳим мешуморем.
Бо кор таъмин намудани шаҳрвандон, пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин боқӣ мемонад. Дар ин бора:
— татбиқи лоиҳаи «Ҷои кори аввалини кафолатдор» барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ;
— ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони кироя пурзӯр карда шавад, муайян гардад, ки оё муҳлати кори кироя ба стажи кори онҳо илова карда мешавад ё не;
— ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқии дастгирии иҷтимоии онҳо, инчунин ба фароҳам овардани шароити одилона ва бехатарии меҳнати онҳо мусоидат намудан;
— бо мақсади муайян кардани мақоми собиқадорони ҷанг, меҳнат, Қувваҳои мусаллаҳ, корҳои дохилӣ, бехатарии давлатӣ ва дигар хадамот, кафолати ҳуқуқи онҳо чораҳоро барои таҳияи қонун «Дар бораи фахриён» меандешем.
Ба аҳолӣ хушсифат ба ҷо овардани хизматҳои коммуналӣ низ дар маркази диққати мост. Барои ин:
— бо гази моеъ доимӣ таъмин намудани аҳолие, ки ба газ дастрасӣ надоранд;
— пурзӯр намудани тадбирҳо оид ба насб кардани ҳисобкунакҳои муосири об, ки маълумотро ба истеъмолкунандагон ба таври фосилавӣ интиқол медиҳанд, фарогирии аҳолӣ бо об ва дараҷаи сифати об;
— таклиф ба миён гузоштем, ки назорати намояндаҳои Палатаи қонунгузорй ва Шӯроҳои маҳаллии намояндаҳои халқ аз рӯи масъалаҳое, ки ба муайян кардан ва зиёд кардани ҳаҷми пардохтҳои коммуналӣ нигаронида шудаанд, ташкил карда шавад.
Дар шаҳру деҳаҳои мо минбаъд ҳам васеъ намудани шароити зарурии истиқомати сокинон вазифаи таъхирнопазир аст ва мо дар ин бобат корҳои зеринро ба ҷо меорем:
— мусоидат ба рушди инфрасохтори роҳ, бо мақсади пешгирии роҳбандӣ ва дигар оқибатҳои ногувор дар марказҳои шаҳр бунёди гузаргоҳҳо барои пиёдагардон;
— танзими низоми ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ бо мақсади танзими сохтори нақлиёти ҷамъиятӣ, сарфаи вақти аҳолӣ ва сари вақт расидани онҳо ба ҷойи таъиншуда.