Дар Маркази сайёҳии шаҳри Самарқанд аввалин Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши маҳалла дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ» кори худро шурӯъ кард.
Дар он намояндагони беш аз бист давлати ҷаҳон, инчунин, вакилони созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ваколатхонаи СММ дар Ӯзбекистон, Unicef, UNDP, UNODC, UNFPA, USAID, сафирони давлатҳои хориҷӣ дар кишварамон, мутахассисони соҳа, олимон ва фаъолони маҳалла иштирок доранд.
Қабл аз маросими ифтитоҳи чорабинӣ филми махсуси ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд, ки дар он фаъолияти низоми маҳаллаи миллӣ, ки Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон бо мақсади васеъ тарғиб намудани системаи маҳалла омода кардааст.
Дар ҷамъомади умумии конфронси байналмилалӣ раиси Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон Қаҳрамон Қуронбоев, ҷонишини аввалини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов, раиси Кумитаи масъалаи зан-духтарон ва баробарии гендерии сенати Олий Маҷлис Малика Қодирхонова, координатори доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯзбекистон Сабине Маҳл ва дигарон дар бораи аҳамияти ин чорабинӣ суханронӣ намуда, оид ба самараи корҳои амалигардида дар самти такмили системаи идоракунии маҳаллаҳо дар кишварамон ҳарф заданд.
— Мақсади асосии конфронси мазкур шиносоӣ бо корҳои амалигардида ва фаъолияти «Ҳафтгонаи маҳалла», таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва амалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба бо шарикони хориҷии мо дар таъмини иҷрои вазифаҳои ба миён гузошта мебошад, — гуфт Қаҳрамон Қуронбоев.
Роҳбари намояндагии Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Ӯзбекистон Дэвид Ҳоффман маҳалларо самараноктарин шакли идоракунии маҳаллӣ эътироф намуда, қайд кард, ки он дар ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии аҳолӣ муҳим аст. Вай таъкид намуд, ки дар Иёлоти Муттаҳида системае вуҷуд дорад, ки ба мисли идораи маҳаллаҳои Ӯзбекистон мустақиман бо сокинон кор ва мушкилоти онҳоро ҳал мекунад. Ин боиси баланд шудани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори минтақаҳо мегардад.
— Маҳаллаҳои Ӯзбекистон шарикони наздиктарини мо дар татбиқи ҳадафҳои муштарак мебошанд, — гуфт намояндаи доимии Бунёди аҳолишиносии СММ (UNFPA) дар Ӯзбекистон Нигина Аббосзода. — Дар ин росто ҳамкориҳои мо бо Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон ба боз ҳам беҳтар намудани фаровонӣ ва таъмини ҳуқуқҳои ҳамаи шаҳрвандони кишвар, таваҷҷӯҳи махсус ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз қабили занон, ҷавонон ва пиронсолон равона карда шудааст. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мо дар соҳаҳо, аз қабили таҳкими саломатии репродуктивии модарон, ҳимояи ҳуқуқи занон ва хотима бахшидан ба зӯроварӣ нисбат ба онҳо, танзими оила, афзоиши таваҷҷӯҳ ба занони ҳомила ҳамкорӣ дорем.
Ба фикри Ҷоффри Иҷумба, ҷонишини раиси намояндагии Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар кишварамон, маҳалла муҳимтарин макони зисти кӯдакони Ӯзбекистон барои таҳсил ва дарёфти мавқеъи худ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъомади умумӣ роҳбарони вазорату идораҳои бевосита бо маҳаллаҳо вобаста баромад намуда, оид ба барпо намудани системаи «ҳафтгонаи маҳалла» ва натиҷаҳои рушди соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, сиёсати ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои занон маълумот доданд.
Баъди ҷамъомади умумӣ конфронс кори худро ба бахшҳо тақсим карда давом дод.
Рӯзи 4‑уми октябр иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ ба ҷойҳо баромада, бо фаъолият ва шароити маҳаллаҳо дар шаҳру ноҳияҳо аз наздик шинос шуданд.
Макони аввал маҳаллаи Чармгарии шаҳри Самарқанд буд. Дар маҳаллае, ки 3365 нафар шаҳрвандон умр ба сар мебаранд, 4 маркази хусусии таълимӣ ва 52 субъекти соҳибкорӣ фаъолият мекунанд. Фаъолон ба беҳбуди шароити зиндагии мардум тавассути рушди инфрасохтори маҳалла таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд.
Инчунин, меҳмонон аз маҳаллаи Конигил дидан карда, бо сокинони он ҳамсӯҳбат шуданд.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ.
