Ovozi.uz

Кадом норасоиҳо ба сифати таълим таъсир мерасонанд?

Бобои маърифатпарвари ҷадиди мо Абдулло Авлонӣ гуфта буд, ки «Масъалаи тарбия барои мо ё ҳаёт — ё мамот, ё наҷот — ё ҳалокат, ё саодат — ё фалокат аст». Ин ҳикмат, ки ба тилло баробар буда, як аср қабл гуфта шудааст, бешубҳа боз бисёр солҳо ба авлодҳо сабақ мешавад. Барои ташаккули бачаи хурдакаки дар бӯстони оила чашм кушода, дар оғӯши мактаб таълиму тарбия гирифта, дунёро шинохтааст, дар роҳи аз ҳаёт ва ҷомеа ҷойи худро ёфтани ӯ ҳамкории ин ду даргоҳи муқаддас бениҳоят муҳим мебошад. Зеро муқаддимаи роҳе, ки ба воситаи тарбия ё ба саодат, ё ки ба ҳалокат мебарад, аз оила оғоз гардида, идомааш дар даргаҳи муқаддаси мактаб мегузарад.


Ба арзишҳои ҳазорсолаамон такя карда, ба бачагии аҷдодҳои бузургамон назар андозем, гувоҳ мешавем, ки аксарияти онҳо тарбияи аввалин ва ибратро аз падару модарони худ гирифтаанд. Аз ҷумла, мо аз китобҳо хондаем, ки султони муҳаддисон Имом ал-­Бухорӣ тарбияи ибтидоиро аз падари худ Исмоил, баъди ҷудо шудан аз он кас, аз модарашон гирифтаанд. Чуноне ки дар китоби «Алломаҳои диёри бузург» овардаанд, бобоҳои бузургамон чун Имом ат-­Тирмизӣ, Муҳаммад ал-­Хоразмӣ, Имом ал-­Мотурудӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Абӯрайҳон Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Алишер Навоӣ, модаркалонҳои маъруфамон низ сабақҳои аввалинро аз падару модари худ омӯхтаанд. Яъне, аксарияти алломаҳои бузург тарбияи ибтидоиро дар оилаашон гирифтаанд. Танҳо пас аз ин бо розигии волидайн ва майли худ аз бари устодон доштаанд.
Ниёгони мо, ки даври эҳёи аввал ва дуюмро оғоз намудаанд, барои дарёфти илму маърифат ба бисёр диёрҳо сафар карда, ба душвориҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Вале майл ва ҷустуҷӯро идома додаанд. Аз худашон мероси бебаҳое гузоштаанд, ки аз ислом, астрономия, математика, табобат, адабиёт, маънавият таълим медиҳад. Мо гуфтанием, ки дар ташаккули бача ба сифати шахс мавқеи падару модар, дониш, маънавият, кӯшиш барои камоли фарзанд, аҳамияти муҳити оилавӣ беқиёс мебошад.
Ҳоло дар диёрамон ислоҳоте, ки тарбия ва таълими дар оғози роҳи муштараконаи эҳёи саввум пеш мебаранд, қад рост мекунад. Мактабҳои Президент, муассисаҳои ихтисосонида шуда, мактабҳои эҷодӣ донишмандони ҳақиқии имрӯзро кашф мекунанд. Вале ба ҳаёти оилаамон, мактабҳои оддӣ назар андозем, баробари ҳолатҳои мусбӣ, ба ҳолатҳои нохуш низ рӯ ба рӯ мешавем. Ин ба таълими босифат ва самаранок таъсири манфӣ мегузорад. Ҳол он ки дар ин самт дар Ӯзбекистон асосҳои қонунӣ ва маънавию маърифатӣ фароҳам оварда шудаанд.
Саволе ба миён меояд: норасоиҳое, ки ба сифати тарбия ва таълим таъсири манфӣ мерасонанд, аз чиҳо иборатанд? Даври тағйиротҳои глобалӣ, инкишофи технологияҳои ахборӣ ба психологияи бачаҳо ба ин ё он маъно таъсир накарда намемонад.
Писару духтарони падару модароне, ки ба тарбия ва ояндаи онҳо бефарқ нестанд, бо чунин тараққиёти давр баробар қадам мегузоранд. Барои таълими замонавӣ гирифтани ин хел бачаҳо шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст.
Тарзи зисти оилаҳо мутлақо шабеҳи якдигар нестанд, мехоҳем ё не, тафовутҳои муҳит дар мактаб низ боиси ба табақа ҷудо шудани бачаҳо мешаванд. Агар рӯҳияти онҳоро омӯзед, маълум мешавад, ки аксарияти донишомӯзони ботарбия ва аълохон дар оилаҳои волидонашон бомаданият ва ҷаҳонбиниашон васеъ ба воя мерасанд. Донишомӯзони тоифаи дуюм дар оилаҳое, ки падару модар ҷудо шудаанд ё ки тарзи зисти носолим доранд, волидон ба ҳаёти ҷомеа бефарқанд, зиндагӣ мекунанд.
Боз як тоифаи дигари донишомӯзон ҳаст, ки онҳо худро аз дигарон баландтар медоранд ва ба кибру ҳаво дода шудаанд. Чунки дар оилаҳое, ки онҳо умр ба сар мебаранд, падару модарон мазмуни ҳаётро дар пулёбӣ ва ҷамъоварии сарват мебинанд.
Агар пойдевори таълим дар оила гузошта шавад, тарбия асоси онро ташкил кунад, саволи кадом ҷиҳатҳои асосҳои мазкурро бояд такмил дод, ба миён меояд.
Боби XIV Сарқонуни дар таҳрири нави мо пурра ба оила, бачаҳо ва ҷавонон бахшида шудааст. Дар моддаи 77‑уми он овардаанд, ки «Падару модарон ва шахсоне, ки ин вазифаро ба зимма гирифтаанд, фарзандони худро то ба воя расидан ҳатман нигоҳубин ва тарбия мекунанд, инчунин барои гирифтани таълим, тансиҳат ва аз ҳар ҷиҳат пурра камол ёфтани онҳо ғамхорӣ менамоянд». Дар моддаи 65‑уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқҳои гирифтани тарбия аз падару модар, таъмини манфиатҳо, ҳартарафа камол ёфтан, ҳурмат кардани қадру қимати бача муайян шудааст. Оё ин тамоюлҳо пурра амалӣ мешаванд? Мутаассифона, ба ин савол ҷавоби мусбӣ дода наметавонем.
Ҳоло дар аксарияти оилаҳое, ки ба «ҳою ҳавас» дода шудаанд, қусури бефарқӣ ба тарбияи бача мавҷуд аст. Падару модароне низ ҳастанд, ки агар баъзан бачаашон ҳаракатҳои ноҷо кунад, ҳуқуқвайронкуниҳо содир намояд, аз айбдор кардани мактаб шарм намедоранд. Нуқтаи аз ҳама дардноки мо — торафт афзудани ҷудошавии оилаҳо ба муаммои иҷтимоӣ табдил меёбад.
Дар натиҷа, аксарияти бачаҳо, асосан аз тарбияи падар бебаҳра ба воя мерасанд. Зиёда аз ин, чунин бачаҳои дилаш «нимто» ба алименти арзанда набуда мутеъ мешавад. Нафақаи мазкур низ аз 18‑солагии бача — дар даври хароҷоташ афзуншаванда дода намешавад.
Амалҳое, ки барои дар ҷамъият ҷои худро ёфтани бача таъсири манфӣ мерасонанд, кам нестанд. Мисол, никоҳҳои ғайриқонунӣ, яъне шаръиро бинем, ки ба баланд шудани нишондиҳандаҳои манфӣ чун «модари танҳо», «муайян намудани падарӣ» асос мешаванд. Чунки онҳо низ кам намешаванд. Ба рӯҳияти бача, тарбияи ӯ зарар расондани ин ҳолатҳоро дида истодаем. Мисол, ба қарибӣ дар ноҳияи Қӯштепа шахсе ҳангоми никоҳ тарбияи як нафар фарзанди занро ба зимма гирифта, ҳанӯз дар рӯзи бистуми ҳаёти оилавии якҷоя кӯдаки ҳоло чорсола нашударо ба саҳро бурда, барои аз ӯ халос шудан, онро хафа (буғӣ) карда куштааст.
Алҳазар! Қотил ҷазои ҳабси 15‑соларо гирифт, вале гуноҳи бача чист?!
Пешниҳод мекунем: тамоюлҳои дар Сарқонунамон «Падару модарон ва шахсони ҷои онҳоро гирифта, вазифадор ҳастанд, ки то ба воя расидан ба фарзандони худ нигоҳубин ва барои тарбияву таълим гирифтан, сиҳату саломат ва ҳаматарафа ба камол расидани онҳо ғамхорӣ кунанд» ва Кодекси оила «Бача ҳуқуқ дорад, ки падару модараш вайро тарбия кунанд, манфиатҳояшро таъмин намоянд, ҳартарафа ба камол расад, қадру қимати инсониаш ҳурмат карда шавад» дар саҳифаҳои китоб монда нараванд, онҳо фаъол дар ҳаёт татбиқ шаванд. Танҳо дар ҳамон вақт амалӣ гардонидани қоидаи дар моддаи 76‑уми Сарқонунамон «Оила қисми асоси ҷомеа ва он дар муҳофизаи ҷамъият ва давлат аст» таъмин мегардад.
Қонунҳои бо оила вобастаро такмил дода, дар ҳоли ба назар гирифтани манфиатҳои бача дар ташкили оила дохил кардани тамоюли «бастани шартномаи никоҳ шарт» лозим аст, ки бо ин ҳангоми дар оила таваллуд шудани фарзанд ҳуқуқҳои бо сарпаноҳ таъмин кардан ва ба ҳамаи манфиатҳои ӯ кафолат додан шарт мебошад. Танҳо дар чунин ҳол ҳуқуқҳои конститутсиявии бачаҳо ҳимоя карда мешаванд. Дар акси ҳол, аз паси ҷудошавии оилаҳо, занҳои қӯша, бачаҳои зиндаятим, ки қадру қимати онҳо ба дараҷаи зарурӣ нестанд, асосан аз сабаби падараш, баъзан модараш таъмин накардани манфиатҳояш дарди вазнини ҷомеаи бачаҳои зиндаятим мешаванд ва тарбияву таълимашон натиҷаи мо мунтазир шударо намедиҳанд. Зиёда аз ин, фарзанд дошта бошад ҳам, ба тарафе, ки дар ҷудошавии оила ташаббускор мешавад, чун шабеҳи миқдори калони дар давлатҳои мутараққӣ буда, боҷ муайян карда шавад, шояд ин дард оҳиста-­оҳиста бартараф гардида, ҷудошавии оилаҳо якбора кам шаванд.
Боз як нуқсон ҳаст, ки дар ин бора ҳарф назадан мумкин нест. Ин бохтҳои маънавие дар таълиму тарбия мебошанд, ки аз сабаби бачаҳои ба воя нарасидаро гузошта, аз паси ризқу рӯзӣ ба хориҷа рафтани волидон рӯй медиҳанд. Асосан, падарҳо, баъзан модарон (аксарияти онҳо аз шавҳар ҷудо шудаанд), ҳатто ҳар дуи онҳо дар хориҷа гашта, бохтҳои маънавие, ки дар таълиму тарбияи бачаҳо рӯй медиҳанд ва вазифаҳои қонун ба зиммаи онҳо гузоштаро аз хотир фаромӯш мекунанд.
Оё барои фарзандоне, ки дар остонаи наврасӣ, балоғат истодаанд, меҳру эътибори падару модар ҳар рӯз, ҳар соат лозим нест? Гусел кардани онҳо ба мактаб, пешвозгирӣ, назорати он, ки вақти холии худро чӣ хел мегузаронанд, бисёр вақт ба зиммаи бобову бибиҳое, ки аз майда-чуйдаҳои зиндагӣ монда шудаанд, гузошта мешавад. Он донишомӯзоне, ки хоҳанд ба мактаб меоянд, нахоҳанд не, дарсҳоро аз худ намекунанд, тарбияашон душвор аст, асосан аз чунин оилаҳо намебароянд? Аз мушоҳидаҳои ҳаётиам медонам, ки ба кӯчаҳои ҳуқуқвайронкунӣ айнан чунин бачаҳо медароянд.
Дар ин маврид бачаҳоро айб кардан беадолатӣ мешавад. Дар ин ҳолат айбдори асосӣ падару модароне мебошанд, ки вазифаи қонунии худро иҷро накардаанд, инчунин масъулони идораҳои давлатие мебошанд, ки иҷрои қонунҳои мазкурро таъмин карда наметавонанд.
Пешниҳоди мо: ҳуҷҷатҳои меъёрии ба хориҷа рафтани зани аз шавҳар ҷудо шуда, ки фарзанди ба воя нарасида дорад ё ки зани танҳоро ба тартиб овардан зарур аст.
Дар айни ҳол дар диёрамон бо кори доимӣ таъмин намудани онҳо шарт аст. Ба фикри мо дар мамлакатамон чунин имконият кифоя мебошад.
Аз анъана ва арзишҳои миллиамон такрор ба такрор бармеояд, ки меҳнат инсонро тарбия мекунад. Бачаҳои миллати мо аз азал аз ҷавонӣ ба меҳнат омӯзонда шудаанд ва дар бораи гашт, сурур ва машаққати он тасаввур пайдо карда, ба воя мерасанд. Имрӯзҳо бачаҳоямон аз меҳнат дур ва ба гирдоби танбалӣ, дангосагӣ дучор мешаванд. Дуруст аст, ки онҳоро бар асоси панҷ ташаббуси аз тарафи Президентамон пешниҳод гардида, барои бо шуғле машғул намудан кӯшиш карда мешавад. Вале мо, калонсолон набояд фаромӯш кунем, ки дар тарбияи бача мавқеи меҳнат — манбаи ба ҳаракат оварандаи тараққиёт беқиёс аст.
Роҳбари давлатамон дар нутқҳои худ дар ин бора алоҳида сухан карда, ислоҳоте, ки дар сохтори таълими мактаб роҷеъ ба ин соҳа, яъне бачаҳоро аз синфи 7 сар карда ба омӯхтани ин ё он касб равон намудан, ҳангоми хатми синфи 11 соҳиби касб шуда, бо 50 фоиз маош таъмин гардиданро гуфта буд ва ҳоло тартиби мазкур амал мекунад. Ин ҳақиқатест, ки ба дараҷаи қадрият бардошта шудааст. Худи ҳаёт исбот кардааст, ки дараҷаи тарбия ва таълими бачаи ба меҳнат одат карда, табъи дил мешавад.
Пешниҳоди мо:
Азбаски ба меҳнат одат кардани бачаҳо арзиши миллиамон аст, боварӣ дорем, ки бача дар саҳро не, дар оила, дар мактаб сурури меҳнатро дар ҷисму ҷонаш ҳис карда, қадру қимати падару модар, устодон, маҳаллаю диёрро ба дараҷаи баланд гузошта метавонад.
Тарбия пойдевори таълим аст. Агар падару модар, бобову бибӣ масъулияти худро роҷеъ ба тарбияи фарзанд дар оила бар асоси арзишҳои миллӣ, инчунин дар ҳоли дарки ҳуқуқ пеш баранд, ба одоб, рафтору гуфтор ва таълими ӯ бефарқ набошанд, ҳар лаҳзаи вақти холии худро барои инсони комил шудани вай сарф кунанд, барои гирифтани таълими босифат пойдевор мегузоранд. Агар устодон дар ҳоли ба эътибор гирифтани рӯҳияти оила ба боз ҳам мукаммал кардани ин тарбия ҳисса гузоранд, дар роҳи додани таълими замонавӣ фидокорона заҳмат кашанд, боварӣ дорем, ки аз байни донишҷӯёнамон алломаҳои бузург, пайравони ба онҳо муносиб ба камол мерасанд.
Ҳаргиз фаромӯш накунем, ки ба таълими босифат, асоси тарбияи шарқонаи аз оила оғозшаванда якҷоя пойдевор гузоштан вазифаи падару модарон, устод ва мураббиён, мутасаддиёни маҳалла тамоми ҷомеа, яъне ҳар яки мо ҳастем. Чунки ҳар як бача, ки ба воя мерасад, фарзанди мо ва Ватани азизамон мебошад. Ба Эҳё (Ренессанс)-и саввум бо сарварии шумову мо ва майлу меҳнатдӯстӣ, таълиму тарбияи босифати онҳо асос гузошта мешавад.

Хадичахон КАРИМОВА.