Ovozi.uz

Имрӯз – зодрӯзи академик Ботурхон Валихӯҷаев

Арбоби хизматнишондодаи илми Ӯзбекистон, академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, профессор Ботурхон Валихӯҷаев (1932-2005) агар дар қайди ҳаёт мешуд, имрӯз ба синни 90-солагӣ қадам мегузошт. Устод бо ҳаёти ибратбахши худ, симои баркамоли инсонии худ, тафаккури расо, тадқиқоти амиқи илмии худ дар қалбҳо ҷой дорад.

Зиндагинома
Ботурхон Валихоҷаев соли 1953 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо фаъолияташро ҳамчун муаллими кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд оғоз намудааст. Солҳои 1956—1974 муаллими калон ва дотсент ва 1974—1985 мудири ҳамин кафедра буд. Солҳои 1985—2005 вазифаи мудири кафедраи адабиёти классикии ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқандро иҷро кардааст.

Фаъолияти илмӣ
Оид ба масъалаҳои муҳими адабиёти классики форс-тоҷик, таърихи адабиёти тоҷику ӯзбек, робитаҳои адабии ин ду халқ асару мақолаҳо навиштааст. Таҳқиқоташ бобати таъсири эҷодиёти Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Сайфи Бухороӣ ба адибони ӯзбек ва таъсири Навоию Бобур ба адибони тоҷик ҷолиб аст. Ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози Самарқанд» мақолаҳои пурмӯҳтаво, чакидаҳои хомаи шоиру нависандагони тоҷикзабонро пайваста чоп мекард. Ботурхон Валихоҷаев Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон ва ба дараҷаи академики АИ Ӯзбекистон (2000) расидааст.

Ҷоизаҳо
Арбоби шоистаи илмии Ӯзбекистон, Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок»

Осор
Дыхание веков. — Самарқанд, 1970;
Мирӣ ва муосирони ӯ. — Тошканд, 1977;
Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт. — Душанбе, 1977;
Ҷомӣ ва адабиёти ӯзбек. — Самарқанд, 1984;
Ҷомӣ ва робитаҳои адабӣ. — Душанбе, 1989;
Чакидаи қалам. — Душанбе, 1992.