Китоби нав
Дар охири соли 2023 тазкираи доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов, устод Садрӣ Саъдиев таҳти унвони «Суханварони Самарқанд» ба табъ расид.
Дар соли 1970 ҳам тазкираи сухангустарони Самарқанд бо номи «Суханварони Сайқали рӯи замин», бо саъю заҳматҳои Тӯрақул Зеҳнӣ ва Садрӣ Саъдиев ба чоп расида буд. Ғайр аз ин, соли 2009 устод Саъдиев доир ба мавзӯи маркази адабии Самарқанд асари худро бо забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Самарқанд адабий муҳити тарих кӯзгусида» («Муҳити адабии Самарқанд дар ойинаи таърих») таҳия ва нашр карда буд, ки бештар ҷабҳаи тадқиқотӣ дорад.
Вале китоби тозанашр бо чанд ҷиҳат аз китобҳои дар боло зикр шуда бартарӣ дорад. Якум, теъдоди шоирони дар ин тазкира ҷойгирифта ба маротиб зиёд аст. Дуюм, нисбат ба нусхаи ӯзбекӣ, ҷиҳати пажӯҳишотии ин тазкира фишурдатар аст ва ба характери тазкира бештар қаробат дорад. Сеюм, тазкираи мазкур шоирони зодаи дигар минтақаву навоҳиро низ фаро мегирад, ки онҳо низ муддати зиёд дар Самарқанд зиндагӣ карда, қисми асосии эҷодиёти худро дар ҳамин ҷо таълиф намуда, ба муҳити адабии ин шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Яъне, олим дар интихоби шоирон ғайр аз макони таваллуд, мавқеи асосии муҳити эҷодии онҳоро низ ба инобат гирифтааст, ки ин шояд дар тазкирапардозӣ бори нахуст сурат гирифта бошад.
Гаронбаҳоии китоб дар он аст, ки он таърихи ҳазорсолаи муҳити адабии бузурги Самарқандро муҷассам намудааст, ки аз Абулянбағиву Абуҳафси Суғдӣ, Одамушуаро Рӯдакиву Амъақ сар карда, то Сайид Ризо Ализода, Тамҳиду Абдулғании Ҷавдат, яъне аз асри IX то асри XX тӯл кашидааст. Тазкира таърихи адабиёти Самарқанд ва муҳити адабии онро, ки қисми зиёди адабиёти форсӣ‑тоҷикиро низ ташкил медиҳанд, чун оина равшану возеҳ пешкаши хонанда намудааст.
Китоб аз чор боб: «Муҳити адабии Самарқанд ва намояндагони он дар асрҳои IX–XII», «Нашъунамои адабиёт дар Самарқанди асрҳои XV–XVI ва чеҳраҳои он», «Ҳаёти адабии Самарқанд дар асри XVII» ва «Эҳёи адабӣ дар Самарқанди охирҳои қарни XIX ва аввали қарни XX» иборат буда, боби якум 25, боби дуюм 132, боби сеюм 61 ва боби чорум 17 нафар шоирро фаро гирифтаанд, ки дар умум 235‑торо ташкил медиҳанд. Муаллиф дар оғози ҳар боб нахуст аз вазъи сиёсиву иҷтимоии ҳамон давр, ки дар номи боб ишора рафтааст, маълумоти мухтасар дода, сипас ба муаррифии суханварони ҳамон давр пардохтааст.
235 шоир — ин теъдоди ҳамаи шоирони самарқандӣ нест. Саъдиев танҳо аз рӯи манбаъҳои дастраси худ тазкираи мазкурро таҳия намудааст. Мувофиқи маълумоти худи муаллиф, ки дар пешгуфтори китоб овардааст, шоирони зиёде, хусусан шоирони асрҳои XVI–XVII барои кам будани маълумот дар бораи эшон аз ин тазкира берун мондаанд.
Дар қатори Рӯдакӣ, Рашидӣ, Амъақ, Арӯзӣ, Хоҷа Исмат, Малеҳо барин шоирони бузургу тавонманд, шоирони дараҷаи дуввум ва ҳаваскор чун Бадрӣ, Виқорӣ, Булоқи Самарқандӣ ва якчанд шоирони дигар, ки пешаи аслиашон дигар будаву гоҳ-гоҳ машқи шеър мекардаанд, низ дар тазкира ҷой гирифтаанд, ки метавон мисол овард. Дар тазкираҳои ондавра ҷой гирифтани ин гуна шоирони ҳаваскор боиси тааҷҷуб бошад ҳам, дар тазкираи «Суханварони Самарқанд» ҷой гирифтани онҳо интихоби муаллиф аст.
Яке аз хусусияти ба худ хоси сабки баёни муаллифи тазкира зодгоҳи аслии шоиронро дар ҷумлаи якум, пас аз зикри ному насаби пурраи онҳо овардан аст. Ин барои хонандае, ки мехоҳад аслияти шоиронро зудтар пайдо намояд, айни муддаост. Мисол «Шарафиддин Муҳаммад бинни Абӯбакри Насафӣ мутахаллис ба Ҳусом аз уламои намоёни соҳибтабъи замони худ будааст» (саҳ.83) омадааст дар ҷумлаи аввали саҳифае, ки ба ин шоир бахшида шудааст. Мисоли дигар «Гулшании Қошғарӣ аз толибилмони шоиртабъи Самарқанди ин давр будааст» (саҳ.273).
Китоби «Суханварони Самарқанд», бешубҳа яке аз нодиртарин китобҳои муосир аст, ки ба дарди муҳаққиқон, устод, донишҷӯ ва умуман тамоми ашхосе, ки дар риштаҳои адабӣ фаъолият доранд, мехӯрад ва дар корҳои пажӯҳишӣ, таълимӣ ва омӯзишии онҳо вазифаи ёвари беҳамторо адо менамояд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
